Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи тарснок дар Лахш (ВИДЕО)


Заминларза мардуми ин русторо ваҳшатзада кард.

Сабти лаҳзаи заминларза, ки кори ниҳоят сахт аст ба яке аз корбарони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин) муяссар шудааст. Дар видеое, ки ин хонандаи гиромии вебсайти Радиои Озодӣ ба мо фиристод, дида мешавад, ки чӣ гуна замин меларзад ва зане аз тарс ба фарзандонаш мегӯяд, зери девор нараванд. Дар натиҷаи заминларза сангҳо аз кӯҳ мерезанд ва ғубор ба ҳаво мехезад.

Дар натиҷаи ин заминларза дар рӯзи 3 май ду хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Лахш осеб диданд. Бино ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, заминларза соати 9:49-и вақти маҳаллӣ рух дод ва шиддати зилзила дар маркази он дар Лахш 6 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, дар натиҷаи зилзила дар деҳаи Сарғойи ҷамоати деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидаанд. Касе дар ин зилзила осеб надидааст.

Дар Душанбеву Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва дигар манотиқи кишвар низ шиддати ин зилзила эҳсос шудааст. Дар Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шиддати зилзила 3 дараҷаро ташкил додааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG