Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидони Раҳимҷон: “Ба мо 12000 $ пешниҳод карданд, ки сукут кунем”. ВИДЕО


Тулан Комилов, падари Раҳимҷон Комилов
Тулан Комилов, падари Раҳимҷон Комилов

Волидони Раҳимҷон Комилов, ки барои шарикӣ дар қатли Нозима Исомиддинова – сокини 17-солаи ноҳияи Турсунзода – зиндонӣ шуда буд, ба бозбинии ҳукми ӯ пофишорӣ доранд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ду ҳафта пеш Раҳимҷон Комиловро ба бист ва Абдуқосим Норматов, муттаҳами аслиро ба даҳ соли зиндон маҳкум кард.

Навори видео дар инҷост:

Волидони Раҳимҷон: “Ба мо 12000 $ пешниҳод карданд, ки сукут кунем”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Тулан Комилов, падари Раҳимҷон Комилов, рӯзи 12 май ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзанди вай дар ин ҳодиса “қурбонӣ шудааст”. Ӯ афзуд, волидони Абдуқосим Норматов, муттаҳами аслӣ дар қатли Нозима, барои сукуташ то анҷоми тафтишот 12 ҳазор доллар пешниҳод карда буданд ва афзуд, “барои исбот се шоҳид ҳам дорам. Онҳо дар ҳузури шоҳидон ин маблағро пешниҳод карданд.” Аммо Туланбой Комилов дақиқ нагуфт, ки оё ин маблағро гирифтааст, ё на.

Акси Нозима Исомиддинова
Акси Нозима Исомиддинова

Абдуқосим Норматов ва Раҳимҷон Комилов – ду ҳамсинф ва сокинони ноҳияи Турсунзода – бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор” гунаҳкор дониста шуданд. Аммо додгоҳ гуфт, он замон Абдуқосим Норматов, муттаҳами аслӣ ҳанӯз ба синни балоғат нарасида буд ва ба ин хотир даҳ сол камтар ҳукм гирифтааст.

Тулан Комилов мегӯяд, баъд аз эълони ҳукми Додгоҳи олӣ як дафъа бо писараш Раҳимҷон дар боздоштгоҳ мулоқот кардааст. “Писарам гуфт, ки дар ин ҳодиса фиреб хӯрдааст ва аз дохили боздоштгоҳ дар шакли ҷудогона аризаи шикоятӣ хоҳад навишт”, - афзуд ӯ.

Раҳимҷон Комилов
Раҳимҷон Комилов

Додгоҳи олии Тоҷикистон Мирзомуддин Мирзораҳимов, мудири, инак, собиқи шӯъбаи ташхиси тиббиву судии ноҳияи Турсунзодаро низ барои пешниҳоди ташхиси бардурӯғ шартан барои ду сол аз озодӣ маҳрум кард.

Аммо волидони Абдуқосим Норматов мегӯянд, онҳо ба ҳеҷ кас маблағ надода, ҳеҷ талабе ҳам накардаанд. Лобар Мадумарова, модарбузурги Абдуқосим, рӯзи 12 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳеҷ кас пул надода ва талабу хоҳише ҳам накардем. Мегӯянд, ки бобояш Ҳоҷӣ Камол гӯё барои ҳимояи наберааш пул дода бошад. Ин гап аслан ҳақиқат надорад.”

Мирзомиддин Исомиддинов, бобои Нозима, гуфт, ки онҳо аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят намебаранд, зеро аз нигоҳи молӣ тавонашро надоранд. Вай афзуд, вақте Додгоҳи олӣ шикояти Тулан Комиловро ба баррасӣ гирад, иштирок карда ва ҳамзамон шикояти худро хоҳанд расонд. "Хешу табори Абдуқосим пулдор ҳастанд ва мо наметавонем даъво кунем", - гуфт ӯ.

Абдуқосим Норматов
Абдуқосим Норматов

Ҷасади Нозима Исомиддинова рӯзи 4 феврали имсол дар яке аз майдонҳои кишти ноҳияи Турсунзода бо 15 захми корд ошкор шудааст. Хонаводааш мегӯянд, он бегоҳ духтар дар хонаи падарбузургаш буда ва Абдуқосим Норматову ҳамроҳаш ӯро бо ҳадафи гуфтугӯ ба берун бурдаанд. Дар аввал гуфта мешуд, ки гӯё Нозима худкушӣ кардааст, аммо баъдан мақомоти додситонӣ гуфтанд, “ин ҳодиса куштор аст”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Мирзомуддин Мирзораҳимов, мудири, инак, собиқи шӯъбаи ташхиси тиббиву судии ноҳияи Турсунзодаро низ барои пешниҳоди ташхиси бардурӯғ шартан барои ду сол аз озодӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG