Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис барои пинҳонкории куштори ноболиғ дар Турсунзода ҷавоб медиҳад. АКСУ САДО


Додситонии кулли Тоҷикистон дар амри таҳқиқи ҳодисаи куштори духтари наврас дар шаҳри Турсунзода, аз ҷумла ба амалкарди ходимони милиса ҳам мехоҳад баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Дар хулосаҳои аввалияи ходимони милиса ҳодисаи мазкур “як худкушӣ” арзёбӣ ва зоҳиран талоши баста шудани парванда карда шуд, аммо баъди шикояти хешовандону дахолати додситонии кулл, парванда аз рӯи моддаи “куштор” боз ва таҳқиқ шурӯъ гардид.

Духтар ба писар гуфтааст, ки “муносибатҳои онҳоро ҳамаи мардуми деҳа медонанд, шармандагӣ аст ва таҳдид мекунад, ки агар издивоҷ накунад, ба полис хабар медиҳад

​Рӯзи 22 феврал як мақоми Додситонии кулл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита бо амалкарди ходимони милисаи Турсунзода “қарор қабул мешавад” ва ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки оё тасмими пулис ҳамчун“кирдори ҷиноят ё як иштибоҳи интизомӣ” баррасӣ шавад. Қатли ваҳшиёнаи духтари 16-сола дар таърихи 2 феврали имсол баъди ду ҳафтаи рух доданаш аз забони додситони кулл Юсуф Раҳмон дар минбари Маҷлиси Миллӣ ҳамчун намунаи ҷинояти наврасон расонаӣ шуд. Ҷасади духтар рӯзи 4 феврал дар як майдони кишт бо нишонаҳои таҷовуз ба номус, 12 захми корд ва оташ зада шудан ошкор шуд.

Пулис барои пинҳонкории куштори ноболиғ дар Турсунзода ҷавоб медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Рӯзи чоршанбе Раҷабалӣ Содиқзода, муфаттиши Раёсати назорати тафтишоти пешакии Додситонии кулл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз бо ҳадафи халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз гуфтани ҷузъиёти дигари тафтишот худдорӣ мекунад. Вале ӯ таъкид кард, ки “ҳатман кормандоне, ки дар сари вақт барои ошкор накардани ҳодисаи мазкур даст доштанд ва маълум накарданд, ки худкушӣ буд ё куштор ва ё ҳодисаи нохуш, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд”. Вай гуфт, ки натиҷаҳои қарори додситонӣ дар ин замина баъдтар ошкор хоҳад шуд.

Низомиддин Исомиддинов - бобои духтари кушташуда
Низомиддин Исомиддинов - бобои духтари кушташуда

Дар шарҳи ҳодисаи рӯзи 2 феврал Содиқзода гуфт, ки тафтиши ин қазия бо пофишории масъулини додситонии кул рӯи даст гирифта шуд: “Мо пофишорӣ кардем, ки ин ҳодиса куштор аст ва парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Ҷинояткорон боздошт шуданд. Воқеан ҳам ин ҳодисаи ваҳшатбор аст ва хуб шуд, ки додситонии кулл исрор кард, ки ин ҳодиса нишонаҳои куштор дорад ва бояд парванда боз шавад”. Содиқзода гуфт, ки дар ҳолати ғайр эҳтимолан ин ҳодиса ҳамчун “як худкушӣ” баста ва ҷинояткорон беҷазо мемонданд.

Бархе дигар афроди огоҳ аз қазия мегӯянд, эҳтимолан аз хонаводаи афроди бонуфуз будани писари гумонбар дар куштор сабаби кӯшиши пардапӯш шудани ин ҷиноят шудааст. Вале мақомот дар ин замина феълан чизе намегӯянд ва ҳуввияти ҷавони қотилро ҳам ошкор намекунанд. Қонунҳои Тоҷикистон пахши исму насаби ноболиғони гумонбар дар ҷиноятро дар матбуот манъ мекунанд.

Сабаби қатл – моҷарои ошиқона

Додситонии шаҳри Турсунзода рӯзи 22 феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки ташхиси пешакӣ маълум шудааст, ки марги духтар дар паи як моҷарои ошиқона сурат гирифт. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки робитаи ошиқонаи духтари 16-сола бо хонандаи синфи 11-и як мактаби маҳаллӣ боиси эҷоди ихтилоф дар байни ин наврасон шудааст.

Мирзошариф Шарифзода, сарпрокурори шаҳри Турсунзода 22 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гумонбар дар куштор – писарбачае будааст, ки дар як мактаб бо духтари қурбонӣ таҳсил мекард. Ин духтар баъди хатми синфи 8 аз сентябри соли 2016 дигар таҳсил намекард. Ҷаноби Шарифзода гуфт, санҷиши сабти наворҳои гуфтугӯи телефонии ин духтар бо талабаи мактаби Турсунзода мушаххас кардааст, ки миёни ин ду муносибати наздики ошиқона вуҷуд дошт ва пофишории духтар ба хонадоршавӣ бо ин писар боиси муноқиша ва марги фоҷиавии ӯ шудааст.

Вай гуфт, “духтар дар гуфтугӯҳои телефонӣ аз писар хоҳиш мекард, ки ба хонаи онҳо хостгор фиристад ва бо ӯ издивоҷ кунад, аммо писар дар посух гуфтааст, ки ҳоло талабаи мактаб аст ва баъди хатми мактаб дар ин бора фикр хоҳад кард”. Духтар, эҳтимолан, бо андешаҳои ахлоқӣ ба писар гуфтааст, ки “муносибатҳои онҳоро ҳамаи мардуми деҳа медонанд, шармандагӣ аст ва духтар таҳдид мекунад, ки агар издивоҷ накунад, ба полис хабар медиҳад”. Қонунҳои Тоҷикистон доштани робитаҳои наздики ҷинсӣ бо ноболиғонро ҷиноят арзёбӣ мекунад.

Бобои духтари кушташуда рӯзи 18 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тафсилоти лаҳзаҳои пеш ва баъди марги ӯро нақл кард:

Ҷузъиёти қатли бераҳмонаи духтари 16-сола дар Турсунзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00

Таҳдиди духтар аз шикоят ба полис

Ҷаноби Шарифзода мегӯяд, баъди таҳдиди духтар ин талабаи мактаб дар фикри нобуд кардани ӯ шуд ва дар машварат бо як ҳамсинфи дигараш даст ба ҷиноят мезананд. “Маҳз таҳдиди духтар боис мешавад, ки талаби мактаб нақшаи нобуд кардани маъшуқаашро кашида, даст ба ҷиноят мезанад”. То имрӯз, ба гуфтаи сарпрокурори шаҳри Турсунзода, дар чаҳорчӯби тафтишот ба ҳайси шоҳид талабаҳои дигари мактаб пурсида шуда, гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар мавод ташхис шудааст. Ду гумонбари куштор аз рӯи моддаи 104 (куштор) боздошт шудаанд.

2 ҳодисаи қатли ноболиғон аз дасти ҳамдигар дар соли 2017

Дар моҳҳои охир мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз афзоиши ҳодисаҳои хушунатомез дар миёни насли наврас шадидан изҳори нигаронӣ мекунанд. Моҳи январ дар натиҷаи як задухӯрди гурӯҳи ҷавонон дар Душанбе ду ноболиғ аз дасти якдигар кушта шуданд.

Дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврал Раҳмон аз ҷинояти ноболиғон изҳори нигаронӣ кард
Дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврал Раҳмон аз ҷинояти ноболиғон изҳори нигаронӣ кард

Дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе рӯзи 15 феврал президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз ҷинояткорӣ, беҳудагардӣ ва хушунати ноболиғон сӯҳбат кард ва гуфт, дар 5 соли охир қариб 14 ҳазор ноболиғ ба ҳангоми оворагардӣ дар хиёбонҳо ошкор шудаанд. Коршиносон мегӯянд, дар бисёр ҳолат шароити сангини хонаводаҳо маҷбур мекунад, ки кӯдакон аз таҳсил дур шаванд ва дар тарбияи кӯчаву хиёбонҳо монанд.​

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG