Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи куштори духтари ноболиғ ба Додгоҳи олӣ рафт


Парвандаи қатли як духтари 16-сола дар шаҳри Турсунзода барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода шудааст. Мирзошариф Шарифов, сарпрокурори шаҳри Турсунзода, рӯзи 13 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда қабл аз онки ба додгоҳ равад, як ҳафта дар баррасии Додситонии кулл қарор дошт.

Ӯ гуфт, бар асоси ин парванда ду хонандаи мактаби шаҳри Турсунзода ба “куштор” ва Мирзомуддин Мирзораҳимов – мудири собиқи маркази ташхиси тиббиву судӣ – барои “додани маълумоти бардурӯғ” дар бораи ин ҳодиса муттаҳаманд. “Ҳарчӣ дар салоҳияти мо буд, анҷом додем ва акнун эълони ҳукм бар зиммаи додгоҳ аст”, - афзуд ӯ.

Қатли духтари 16-сола дар шаҳри Турсунзода дар рӯзи 2 феврали имсол яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар матбуоти кишвар буд. Дар аввал гуфта мешуд, ки гӯё духтар худкушӣ кардааст. Бобои духтар Низомиддин Исомиддинов баъди се ҳафтаи марги наберааш рӯзи 22 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони милиса ҷасади ду рӯз нопадидшудаи набераашро оварда, ба онҳо доданд ва гуфтанд, ки “ӯ худкушӣ кардааст”.

Аммо баъдан Додситонии шаҳри Турсунзода бо такя ба тафтиши пешакӣ гуфт, духтар қурбонии “моҷарои ошиқона” шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, робитаи ошиқонаи духтари 16-сола бо хонандаи синфи 11-и як мактаб баъдан ба ҷанҷол печид ва боис ба кушта шуданаш шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG