Ҳарчанд мақомот сабаби тағйир додани ҷашн ва ҳам мазмуни онро шарҳ намедиҳанд, бовар меравад, ки ин тасмим идомаи талошҳои президенти собиқ Ислом Каримов дар канорагирӣ аз ҳама рамзу нишонаҳои даврони шӯравӣ буд.
Таҷлили ҷашни фаввораҳо дар шаҳри Самарқанд
Дар шаҳри Самарқанд ҷашни фаввораҳо таҷлил шуд. Шурӯъ аз соли 2014 рӯзи 1 май бо як қарори ҳукумати Ӯзбакистон бар ивази Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон, ки як мероси замони шӯравӣ ва ҳукумати коммунистӣ будааст, иди фаввораҳо ва сайругаштҳои мардумӣ эълон шудааст.

1
Дар Самарқанд садҳо нафар дар хиёбонҳои марказии шаҳр ҷашнро таҷлил карданд.

4
Дар ин рӯз сокинони Ӯзбакистон истироҳат надоранд, танҳо дар соатҳои холиву шомгоҳон метавонанд ба сайругаштҳои ҷамъиятӣ баромада бо аҳли оилаву дӯстонашон хурсандӣ кунанд.

5

6
Дар саросари Ӯзбакистон дар ҳар шаҳру манотиқ даҳҳо фаввораҳои мухталиф амал мекунад, ки рӯзи 1 май ҳамаи онҳо ҳатман ба кор андохта мешаванд ва ҳамроҳ бо боғу гулгаштҳои атрофи фаввораҳо ба нишони фарорасии тобистон чароғон ва мунаввар мешаванд.