Пайвандҳои дастрасӣ

"Дар замони раҳбарии шумо зиндагии мо беҳ нашуд" Тазоҳуроти зидди Путин


Владимир Путин

Садҳо нафар дар 32 шаҳру минтақаи Русия аз Владимир Путин хостанд, ки бори чаҳорум номзадии худро ба мақоми президенти ин кишвар пешбарӣ накунад. Владимир Путин аз соли 2000-ум раёсати ҷумҳури Русияро бар уҳда дорад ва танҳо тӯли чаҳор сол – аз 2008 то 2012 – зимоми қудратро ба Дмитрий Медведев дода, худаш ба ҳайси нахуствазир кор кардааст. Муҳлати як давраи президентӣ дар Русия шаш сол аст.

Ҳукумат бояд ивазшаванда бошад. Қонуни асосӣ набояд нақз шавад ва мардум хуб зиндагӣ кунанд. Зиндагии мо дар айёми раҳбарии шумо бад шуд, Владимир Владимирович!

Интихоботи навбатии президентии Русия баҳори соли оянда баргузор хоҳад шуд ва мухолифи машҳури рус Алексей Навалний тасмим дорад, ки дар ин маърака иштирок кунад.

Тазоҳуроти рӯзи 29 апрел дар минтақаҳои Русия аз тарафи ҷунбиши "Русияи Боз"-и Михаил Ходорковский ташкил шудааст. Созмондиҳандагони тазоҳурот гуфтанд, ки фаъолон талаби худро дар шакли нома ба мақомот хоҳанд расонд. Аммо ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки дафтари ҷунбиши "Русияи боз" се рӯзи қабл мавриди тафтиш қарор гирифта буд.

Александр Соловев, раҳбари ҷунбиши "Русияи боз" мегӯяд, дар 17 соли раёсати Владимир Путин мушкилиҳои Русия натанҳо ҳал нашуданд, балки амиқтар рафтанд. "Ҳабдаҳ сол боз кишвари моро як нафар бо номи Владимир Путин идора мекунад. Соли 2000-ум, ки ӯ ба қудрат расид, ҳамаи системаро таҳти итоат гирифт. Додгоҳҳо ва расонаҳои мустақил аз байн рафтанд... Ана, барои ҳамин мо гуфтанӣ ҳастем, ки "Бас аст. Безор шудем!"

Соловев гуфт, дар сурати ба даври чаҳорум рафтани Путин, муҳлати раёсати ӯ дар Русия дар маҷмуъ ба 24 сол хоҳад расид. "Брежнев ҳамон қадаре ҳукумат ронда буд, ки Владимир Путин то имрӯз ҳукумат кардааст", - афзуд ӯ.

Яке аз занони тазоҳургар низ рӯзи 29 апрел хитоб ба Владимир Путин гуфт, ки "ҳукумат бояд ивазшаванда бошад. Қонуни асосӣ набояд нақз шавад ва мардум хуб зиндагӣ кунанд. Зиндагии мо дар айёми раҳбарии шумо бад шуд, Владимир Владимирович!"

Тазоҳурот дар баъзе аз минтақаҳои Русия бо мувофиқа бо ҳукумати маҳаллӣ сурат гирифтааст. Аммо фаъолон дар Маскав мегӯянд, ки натавонистанд, иҷозаи расмии шаҳрдориро бигиранд. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфтааст, ҳамагуна маърака дар чаҳорчӯби қонун сурат бигирад, вагарна дар қиболи қонуншиканҳо чора андешида хоҳад шуд. Мақомоти шаҳрдории Маскав ҳам гуфта, пулис тадобир меандешад.

Михаил Ходорковский
Михаил Ходорковский

Михаил Ходорковский, сарватманди маъруф ва раиси пешини ширкати ЮКОС, ки ҳоло дар Ғарб ба сар мебарад, дар суҳбат бо радиои "Эхо Москвы" гуфтааст, дар 11 шаҳру минтақаи Русия барои баргузории тазоҳурот иҷоза додаанд. "Дар он шаҳре, ки иҷоза ҳаст, фаъолон бо шиору микрофон ба кӯчаҳо баромаданд. Дар минақтаҳое, ки иҷозаи баргузории тазоҳурот нест, онҳо талабҳояшонро дар шакли нома мерасонанд", - таъкид кардааст ӯ.

Ходорковский бо ҷурми напардохтани молиёт ё андоз даҳ сол дар зиндон буд ва охири соли 2013 афв шуд.

Бино ба гузоришҳо, дар тазоҳуроти зидди Владимир Путин даҳҳо нафар боздошт шудаанд. Маъмурони пулис дар шаҳри Санкт-Петербург дастикам 30 ва дар вилояти Кемеров ҳадди ақал 16 нафарро дастгир карданд.

Рақобати Владимир Путин дар интихоботи соли 2012, ки он вақт нахуствазир буд ва талош дошт, бори севум ба курсии президентӣ такя занад, норозигии як гурӯҳ аз сокинони Русияро ба бор оварда буд. Ин гурӯҳи сокинон норозигии худ аз Путинро дар чандин тазоҳуроти зидди ӯ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия баён доштанд.​

XS
SM
MD
LG