Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Путин аз саркӯби эътирозгарон. ВИДЕО


30 март.
30 март.

Президенти Русия Владимир Путин интиқодҳои саркӯби эътирозгарон аз ҷониби полисро рад кард ва гуфт, ки ҳар касе қонуншиканӣ мекунад, муҷозот хоҳад шуд. Дар як суханрониаш рӯзи 30 март Путин ишора кард, ки раҳбари мухолифон Алексей Навалий барои таблиғи худ дар пешорӯи интихоботи президентии соли 2018 аз ташкили тазоҳурот истифода мекунад.

Ин изҳорот дар ҳамон рӯзе садо дод, ки додгоҳи шаҳри Маскав аз ҳукми 15 рӯзи ҳабси маъмурии Навалний, ки барои муқовимат ба полис дар рӯзи

Вақте як нафар ваё нирӯҳои сиёсӣ (мубориза бо фасодро) ба манфиати худ истифода мекунанду вазъро дар кишвар тағйир намедиҳанд ва дар остонаи интихобот танҳо ба таблиғи худ дар саҳнаи сиёсӣ машғуланд, дуруст нест. Путин

​эътирози 26 март маҳкум шудааст, ҳимоят кард.

Ин барои нахустин бор аст, ки Путин дар бораи эътирозҳои зиддифасод изҳори назар мекунад. Дар ин раҳпаймоиҳо ҳазорҳо нафар дар даҳҳо шаҳри Русия иштирок карданд. Ин эътирозҳоро дар панҷ соли охир серҷамъияттарин гирдиҳамоиҳои мардумӣ дар Русия меноманд.

Полис танҳо дар шаҳри Маскав дар паи ин эътирозҳо беш аз 1000 нафарро боздошт карда бархеро ба хотири намоиши қудрат латукӯб ҳам кард.

Бо ишораи мустақим ба Навалний, вале бидуни бурдани номи ӯ, Путин гуфт, ки “вақте як нафар ваё нирӯҳои сиёсӣ (мубориза бо фасодро) ба манфиати худ истифода мекунанду вазъро дар кишвар тағйир намедиҳанд ва дар остонаи интихобот танҳо ба таблиғи худ дар саҳнаи сиёсӣ машғуланд, дуруст нест”.

Владимир Путин: Мубориза бо фасод баҳона барои инқилобҳо мебошад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Ин ҳарфҳоро Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи марбут ба масоили Арктика дар шаҳри Архангелск баён кард ва гуфт, ки “ҳар касе берун аз қонун амал мекунад, бояд ҷазо гирад”. Путин эътироф кард, ки мизони фасод дар Русия назар ба кишварҳои дигар бештар аст.

Навалний моҳи декабр гуфт, ки дар интихоботи моҳи марти соли 2018 иштирок мекунад, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ба эҳтимоли ғолиб худи Владимир Путин ҳам талош мекунад курсии аввалро дар ҳукумат барои шаш соли дигар ҳифз кунад.

Пеш аз ташкили намоишҳои эътирозии рӯзи 26 март, созмони зидди фасоди Навалний гузоришеро нашр кард, ки дар бораи фасодкориҳои амиқи нахуствазир Дмитрий Медведев шаҳодат медиҳад. Дар оғоз мақомот ва матбуоти давлатӣ эътирозҳои сартосариро нодида гирифтанд. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи баъдаш гуфт, ки бисёр ҷавонҳои ширкатдори ин эътирозҳо пул гирифта ба хиёбонҳо баромаданд. Аз рӯи ин иттиҳом додситонҳо таҳқиқоте ба роҳ монданд.

Рӯзи 30 март Песков эътирозгаронро “табаҳкор” номид, вале гуфт, ки ҳукумат иттилое дар мавриди “аз хориҷа маблағгузорӣ шудани” онҳо надорад. Песков нахост ба саволи марбут ба равобити Путин бо Медведев посух диҳад.

Ба иловаи Навалний, 12 ҳамкори дигари ӯ дар созмони зиддифасод ба мӯҳлатҳои кӯтоҳи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд. Як сухангӯи ин созмон баъдан гуфт, ки мақомот мехоҳанд кори ин созмонро ба ҳам зананд.

Русия дар феҳристи кишварҳои олуда ба фасоди Шаффофияти байналмилалӣ ё Transparency International аз миёни 176 давлат дар мақоми 131-ум қарор дорад. Гузориши пажӯҳишгоҳи Global Financial Integrity аз соли 2011 ҳокист, ки Русия дар фосилаи солҳои 2000 то 2008 бар асари фасод 427 миллиард долларро гум кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG