Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози раҳпаймоиҳои мухолифон дар Шарқи Дур ва Сибир


Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русия

Дар ду минтақаи дурдасти Русия тазоҳурот ба зидди фасод ба раҳбарии Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат шурӯъ шуд. Раҳпамоиҳо дар шаҳрҳои Владивосток дар Шарқи Дур ва дар шаҳри Южно-Сахалинск дар Сибир сурат мегиранд ва ҳукумат барои баргузории онҳо иҷоза додааст.

Ба гуфтаи матбуоти Русия, дар раҳпаймоӣ дар Владивосток 1000 нафар ширкат доштанд ва маъмурони пулис 30 нафарро дастгир кардаанд. Дар Южно-Сахалинск 5 нафар ҳангоми раҳпаймомӣ ва 9 нафар баъди он дастгир шудаанд. Дар шаҳри Комсомолоск дар Амур 6 нафарро боздошт кардаанд.

Тазоҳурот баъд аз он баргузор мешавад, ки Алексей Навалний рӯзи 2-уми март бо нашри як гузорише, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русияро ба он муттаҳам кард, ки бо истифода аз муассисаҳои хайрия ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз афроди сарватманду бонкҳои давлатӣ пули зиёде гирифта ва хона ва дигар моликияти гаронбаҳо харидааст.

Баргузоркунандагонаш мегӯянд, умедворанд, дар 98 шаҳри Русия раҳпаймоиҳои шабеҳ баргузор шавад. Алексей Навалний моҳи декабр гуфт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи марти соли оянда ширкат мекунад. Қарор аст, Владимир Путин дар интихобот ширкат варзад.

Мақомоти Русия гуфтаанд, дар сурати собит шудани иттиҳомот дар бораи ҷиноятҳои молии Алексей Навалний ӯ ҳаққи ширкат дар интихоботро нахоҳад дошт. Навалний мегӯяд, парвандаҳои ҷиноӣ ба зидди ӯ ангезаҳои сиёсӣ доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG