Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазои Навалний. 350 доллар ҷарима ва 15 рӯз ба ҳабс (ВИДЕО)


Алексей Навалний мурофиаро ноодилона номид.

Додгоҳи Русия ҳукм кард, Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ва фаъоли мубориза бо фасод барои нофармонӣ ба маъмурони пулис ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шавад. Ӯро рӯзи 27-уми март дар маркази Маскав дастгир карданд. Пештар аз ин ҳукм, Алексей Навалнийро барои ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ 20 ҳазор рубл ва ё 350 доллар ҷарима бастанд.

Навалнийро рӯзи 26-уми март пеш аз онки ба тазоҳургарон дар Маскав бипайвандад дастгир карданд. Ӯ аз мардум хоста буд барои ширкат дар раҳпаймоӣ ба зидди фасод ба кӯчаҳо бароянд. Мақомоти Русия ба Алексей Навалний иҷоза надода буданд, ки дар маркази Маскав тазоҳурот ташкил кунад, зеро ба гуфтаи онҳо, тазоҳурот метавонист, сабаби халалдор шудани низом дар маркази шаҳр шавад. Навалний гуфтааст, ки иддао асос надорад ва тазоҳурот қонунӣ аст.

Навалнийро рӯзи 26-уми март дар маркази Маскав дастгир карданд.
Навалнийро рӯзи 26-уми март дар маркази Маскав дастгир карданд.

Маъмурони пулиси Русия ҳамчунин садҳо нафар аз тазоҳургаронро, ки дар раҳпаймоиҳо ба зидди коррупсия дар саросари Русия ширкат доштанд, дастгир карданд. Тазоҳурот баъди раҳпамойиҳои соли 2012 бузургтарин эътироз дар Русия ба шумор меравад.

Интиқоди Амрикову Аврупо аз амалкарди Русия

Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико мақомоти Русияро барои боздоштҳо танқид карданд ва хостаанд, ки тазоҳургарон билофосила озод шаванд. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки аз боздошти Навалний «нигарон» шудааст. Марк Тонер, сухангӯи вазорат рӯзи 26-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, «Мо аз ҳукумати Русия мехоҳем, ҳамаи тазоҳургарони осоиштаро фавран озод кунад.»

Дар баёния омадааст, ки «боздошти тазоҳургарони осоишта, ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон беэҳтиромӣ ба арзишҳои бунёдии демократия аст.»

Иттиҳодияи Аврупо аз Русия даъват кардааст, ба мардум «ҳаққи бунёдии баён, гирдиҳамоӣ ва ҷамъомади осоиштаро бидиҳад.»

Раҳпаймоиҳо дар Русия баъди нашри як гузориши Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний сурат гирифт. Дар ин гузориш омадааст, ки Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия бо истифода аз муассисаҳои хайрия, созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз бонкҳои давлатӣ ва афроди сарватманд пул гирифта ва моликияти гаронбаҳо харидааст.

Ҷанҷол бо раиси мурофиа

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ дар додгоҳ, Навалний дар ҷараёни муҳокимаи рӯзи 27-уми март хостааст, ки Дмитрий Медведевро барои шаҳодат додан ба додгоҳ даъват кунанд. Ӯ ҳамчунин ба Алеся Орехова, раиси мурофиа гуфтааст, ки «мисли духтари 15-солаи ӯ рафтор мекунад», ки вақте гапаш нодуруст бошад, онҳоро пас мегирад.

Худи Навалний баъди мурофиа гуфт, ки муҳокимааш одилона нест:

Навалний зимни мурофиаи додгоҳӣ.
Навалний зимни мурофиаи додгоҳӣ.

«Маро борҳо ҳамингуна ҷазои маъмурӣ додаанд, чун мурофиааш бисёр зуд аст. Дар инҷо на шоҳидро мешунаванд, на ваҷҳи шуморо қонеъ мекунанд. Дар инҷо ҳатто муҳокимаро одилон ҳам вонамуд намекунанд. Дар инҷо ба суръати муҳокима бартарӣ медиҳанд.»

Пулиси Маскав мегӯяд, дар ин шаҳр 500 тазоҳургарро дастгир кардаанд, вале созмони ғайриҳукуматӣ ОВД ИНФО гуфтааст, ки теъдоди боздоштшудагон аз 1000 нафар ҳам бештар аст. Ба гуфтаи ОВД ИНФО, рӯзи 27-уми март аксари боздоштшудагонро озод карданд, вале 120 нафари дигар паси панҷараҳо мондаанд.

Алексей Навалнийро рӯзи якшанбе пеш аз пайвастан ба тазоҳургарон дар Маскав дастгир карданд. Ӯ солҳои 2011-2012 тавонист, бо истифода аз хашми мардум аз интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ тазоҳуроти азим баргузор кунад. Ӯ вақти мурофиа дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки аз кори тазоҳургарон ифтихор мекунад.

Бо вуҷуди онки дар Русия ҷазо барои ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонуниро сахт кардаанд, вале дар рӯзи 26-уми март теъдоди зиёде аз мардум дар раҳпаймоиҳои бидуни иҷоза ширкат доштанд.

Вокуниши Лавров ба ҳукми додгоҳ

Мақомоти Русия, ки ба Алексей Навалний барои баргузории тазоҳурот иҷоза надоданд, гуфтанд, ки тазоҳурот метавонист сабаби халалдор шудани низом дар маркази шаҳр шавад. Рӯзи 27 март мақомоти Кремлин эътирози мухолифонро дар ҳудудан 100 шаҳру манотиқи Русия интиқод карданд. Сухангӯи президент Владимир Путин эътирозҳоро ғайриқонунӣ ва таҳрикомез номид. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, ки рӯзи 27 март баъди мулоқот бо вазири хориҷаи Итолиё Анҷелино Алфано дар Маскав дар як нишасти матбуотӣ гуфт:

“Ёд надорам, ки ҳарфи кӣ буд, вале мазмунаш ин ки озодӣ – риояи қонун аст. Асоси сӯҳбати мову шумо ин аст, ки қонуни манъкунандаи ҳама гуна ҳамоишҳоро, ки метавонад вазъро бебанду бор кунанд, риоя кунанд”

Алексей Навалний моҳи декабр гуфт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи марти соли оянда ширкат мекунад. Қарор аст, Владимир Путин барои шаш соли дигар мондан дар қудрат дар интихобот ширкат варзад.

Мақомоти Русия гуфтаанд, дар сурати собит шудани иттиҳомот дар бораи ҷиноятҳои молии Алексей Навалний ӯ ҳаққи ширкат дар интихоботро нахоҳад дошт. Навалний мегӯяд, ду парвандаи ҷиноӣ ба зидди ӯ, ангезаҳои сиёсӣ доранд ва фақат барои мухолифаташ бо Путин боз шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG