Пайвандҳои дастрасӣ

Bloomberg: Медведев аз ояндаи сиёсиаш нигарон аст


Шиорҳои зидди фасодкорӣ дар ҳукумати Дмитрий Медведев. Маскав, 8 апрели соли 2017

Дар пасманзари коҳиши маъруфият ва афзоиши тазоҳуротҳои зидди фасод, нахуствазири Русия Дмитрий Медведев аз ояндаи сиёсияш нигарон шудааст. Дар ин бора оҷонсии Bloomberg бо такя ба ду манбаи наздик ба нахуствазир гузориш дод.

Қаблан Наталя Тимакова, сухангуи нахуствазир гуфта буд, ки Медведев ба натиҷаи назарсанҷии марказҳои пурсиши афкори умум аҳамият намедиҳад.

Бар пояи назарсанҷии ахири "Левада", ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, 45 дар сади пурсидашудаҳо хоҳони истеъфои сарвари ҳукумат шудаанд. Теъдоди пурсидашудаҳо ки ба Медведев эьтимоди комил доштанд, дар як сол аз 14 то се дар сад кофиш ёфт.

Ду ҳамсӯҳбати дигар Bloomberg, аз доираҳои наздик ба Кремлин гуфтаанд, ки бо наздик шудани интихоботи раёсати ҷумҳур дар соли 2018 мавқеи Медведев боз ҳам ноустувор мешавад. Манбаи Bloomberg гуфтааст, ки тазоҳуроти пуриздиҳоми зидди фасод дар шаҳрҳои Русия барои президент Путин "ҳайратзадагии нохушоянд" буд. Аз суи дигар, истеъфои ҳукумати номаҳбуб маънои пуштибонӣ аз мухолифони худи президентро медошт, гуфтаанд ҳамсӯҳбатҳои оҷонсӣ.

Авоили моҳи март бунёди мубориза бо корупсияи Навалний таҳқиқоти худро дар филми мустанаде бо номи "Он вам не Димон" нашр кард, ки аз дороиҳои нахуствазир дар дохил ва хориҷ қисса мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG