Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Бонки миллӣ ба ҷой додани акси Э.Раҳмон дар 1000 сомонӣ. САДО


Бонки миллӣ аз пешниҳоди як сокини Исфара барои ҷой додани акси президент Эмомалӣ Раҳмон ва, ҳамин тавр, Қасри Арбоб – маҳалли баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – дар рӯи пули 1000 сомонӣ пуштибонӣ карда ва гуфтааст, “ин масъала дар ҳоли баррасист”. Ҳасанбой Асадов, муаллими таъриху ҳуқуқ дар мактаби рақами 15-и шаҳри Исфара ва донишҷӯи бахши ғоибонаи Донишгоҳи Хуҷанд, рӯзи 14 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин пешниҳодро соли гузашта бо ду намунаи пули 1000 сомонӣ ба Бонки миллӣ ва дастгоҳи иҷроияи президент фиристода буд.

Дар тарҳи пешниҳодкардаи мо хусусиятҳои миллӣ ва анъанаҳои мардуми тоҷик низ ба назар гирифта шудааст
Ҳасанбой Асадов

"Ду рӯз пеш ҷавоби Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ ба ман расид, ки гуфтаанд, пешниҳоди мо дар ҳоли баррасӣ аст ва ба зудӣ масъаларо мутахассисон ҳал мекунанд. Он кас таъкид кардаанд, ки пешниҳод қобили дастгирӣ аст, вале ҷараёни омода кардан ва ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ як давраи муайянро тақозо менамояд”, – афзуд ӯ.

Ҳасанбой Асадов гуфт, аз ин пештар Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллӣ ва, инчунин, раҳбарияти дастгоҳи иҷроияи президент ба пешниҳодаш ҷавоб фиристода ва миннатдорӣ карда буданд. Ба қавли ӯ, тарҳи асъори нави 1000 сомонӣ “бояд системаи нерӯманди муҳофизат ва тасмаи то ҳадди 1 сантиметр бо нурҳои лазерӣ дошта бошад”.

Посухи Бонки миллӣ ба ҷой додани акси Э.Раҳмон дар 1000 сомонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00
Линки мустақим

“Хидматҳои раиси ҷумҳур барои мардум ва кишвар хеле муҳим аст ва барои ҳамин ҳамчун қадрдонӣ ин пешниҳодро кардем. Дар тарҳи пешниҳодкардаи мо хусусиятҳои миллӣ ва анъанаҳои мардуми тоҷик низ ба назар гирифта шудааст”, – шарҳ дод Ҳасанбой Асадов. Ин сокини Исфара мегӯяд, қаблан низ дар бораи ба муомилот баровардани тангаҳои тиллоии 500 сомонӣ ва дар атрофаш навиштаи 25 соли истиқлолро пешниҳод карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон.

​Ҳарчанд Асадов мегӯяд, як соли қабл ин пешниҳодро ироа кардааст ва номаҳои расмӣ низ дорад, аммо тобистони имсол ин пешниҳод дар шакли ошкор ва тариқи матбуот аз забони Шариф Каримов, намояндаи “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Шаҳринав садо дода, бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Шариф Каримов қаблан дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пешниҳодаш аз умқи дил ва самимӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш унвони Ҷаноби олиро гирифт ва аввали имсол ба ӯ унвони «Пешвои миллат»-ро доданд. Аз ин ҳам пештар Ҳикматулло Насриддинов, раиси Ҳизби аграрӣ пешниҳод карда буд, ки барои Эмомалӣ Раҳмон ҳайкал гузоранд, вале ба инобат гирифта нашуд. Ҳарчанд худи Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз мақомот хостааст, аз ингуна пешниҳоду таърифҳои зиёд даст кашанд, вале сукути онҳо дер давом накардааст.

Дар пулҳои коғазии Тоҷикистон, аксҳои шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик инъикос шудаанд. Дар калонтарини онҳо пули коғазии 500 сомонӣ акси Абдуабдуллои Рудакӣ, асосгузори шеъри классикии форсу тоҷикро гузоштаанд.

Пешниҳоди чопи 1000 сомонӣ бо акси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро баъзеҳо тамаллуқ ва баъзеи дигар санҷиши афкори умум барои иҷрои ин пешниҳод арзёбӣ мекунанд. Онҳое, ки мегӯянд, пешниҳоди пули 1000 сомонӣ бо акси раиси ҷумҳур аз тарафи худи мақомот шудааст, ба ин назаранд, ки доираҳои ҳукуматӣ мехоҳанд, афкори умумро бисанҷанд, оё мардум ин идеяро мепазиранд ва ё мухолифат мекунанд. Агар ҳаёҳу ва мухолифат зиёд шуд, аз он даст мекашанд, дар акси ҳол иҷро мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 64 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Вай, ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раиси ҷумҳур расид.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд. Қонуни "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" иштироки бемаҳдуди ӯ дар интихоботҳои ояндаи президентро кафолат додааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, тамаркузи қудрат дар ихтиёри як шахс, ки қонуни нав инро фароҳам меорад, хилоф бо меъёрҳои як кишвари демократист.

XS
SM
MD
LG