Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди пурхарҷи "Рӯзи президент" - Эҳтиром ё тамаллуқ?


"Президенти мо - Пешвои мо" - ин навиштаи зери аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бояд то 16 ноябр дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе насб шаванд. Душанбе бо дастури мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ба таҷлили "Рӯзи президент" омода мешавад, ки қарор аст чаҳоршанбе оянда таҷлил шавад. Сокинони пойтахт, махсусан рӯшанфикрон, ки вақтҳои ахир аз ибрози назар дар мавзӯъҳои сиёсӣ истиҳола мекунанд, таҷлили ҷашни бошукӯҳи "Рӯзи президент"-ро як қадами дигар ба сӯи тавсифу тамаллуқкорӣ медонанд.

Сол то сол ба назарам ин ҷашнҳо серхарҷтар мешавад. Насби танҳо акси як бар як бештар аз 50 сомонӣ арзиш дорад. Агар ҳазор аксу овеза дар Тоҷикистон нашр шавад, худаш 50 ҳазор сомонӣ аст

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки шеваи давлатдории Шӯравиро ҳифз кардааст ва акси раҳбари давлат дар идораи кории мақомдорон ҳамчун рамзи эҳтиром ва эътирофи сарвари давлат талаққӣ мешавад. Президенти Тоҷикистон як-ду дафъа аз мақомдорони ҳукуматаш даъват кард, ки ӯро зиёд ситоиш накунанд. Аммо шояд ба иллате, ки ҳарфаш ба онҳо нагузашт, ин масъаларо дигар дар мазҳари ом доман назад.

Барои Набӣ Ҷалолов, сардори Шӯъбаи фарҳанги Душанбе, омодагӣ ба рӯзи президент масъулиятест, ки бояд бехато иҷро шавад. Ӯ мегӯяд, "ин рӯз бояд бо шукӯҳи хос таҷлил шавад. Як чорабиниии бисёр пуршукӯҳ ва бо сатҳи баланд дар "Амфитеатр" баргузор мекунем. Ба ғайр аз ин, дар чор ноҳияи Душанбе дар чор майдон, яъне боғҳои фарҳангӣ бегоҳи 16 ноябр сайругашт, консерт, баромади шоирону нависандаҳо баргузор мешавад. Дар ин бегоҳ беҳтарин ҳунармандон баромад мекунанд. Беҳтарин суруд дар васфи пешво, дар васфи ватан омода мешавад", - гуфт ӯ.

Акси президент Раҳмон дар кӯчаи марказии ноҳияи Ғарм гузошта шудааст
Акси президент Раҳмон дар кӯчаи марказии ноҳияи Ғарм гузошта шудааст

"Рӯзи президент" бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон таҷлил мешавад. Порлумони Тоҷикистон моҳи апрели соли равон қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро тағйир дод ва 16 ноябрро “Рӯзи президенти ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон кард. Замони тасвиби ин қонун вакилони порлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки ин як рӯзи маъмулӣ буда, ба ҳама президентони Тоҷикистон тааллуқ дорад ва дар ин рӯз ҳеҷ таътил эълон намешавад. Бар рағми гуфтаҳои вакилон ба назар мерасад, дар тамоми Тоҷикистон талоши ба таври вижа таҷлил кардани ин рӯзро доранд. Шиору овеза ва дигар барномаҳои хос танҳо ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии Тоҷикистон, ки ҳамзамон Пешвои миллат эълон шудааст, рабт мегирад.​

Насриддин Раҳимов, як омӯзгори бознишастаи сокини Душанбе таҷлили бошукӯҳи ин идро изофа ба рӯйхати идҳои пурхарҷ медонад, ки мақомдорон ба хотири тамаллуқ анҷом медиҳанд. Ӯ мегӯяд, аз сафарҳои президент ба минтақаҳо, то ҷашни “Рӯзи ваҳдат” ва ҷашни “Рӯзи истиқлол”, миллионҳо сомонӣ сарф мешавад, ки ин ба буҷа ва кисаи сокинон осеб мерасонад.

Вай афзуд, "ҳоло агар ҳисоб кунем, донишҷӯю омӯзгор ва табибону мактаббачагон вақти бештари худро сарфи ин гуна чорабиниҳо мекунанд. Ин ба раванди таълим таъсир мерасонад. Шукри Худо, боз ҳар рӯз сафи чунин идҳо зиёд мешавад, ки албатта бесарф нест. Сол то сол ба назарам ин ҷашнҳо серхарҷтар мешавад. Насби танҳо акси як бар як бештар аз 50 сомонӣ арзиш дорад. Агар ҳазор аксу овеза дар Тоҷикистон нашр шавад, худаш 50 ҳазор сомонӣ аст", -гуфт ӯ.

Саҳнаи пешвози президент
Саҳнаи пешвози президент

Тасмими таҷлили бошукӯҳ аз “Рӯзи президент” ва ташкили чорабиниҳои пур аз тавсифи шахсияти президент дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон борҳо хоҳиш кардааст, то ба ӯ тамаллуқ назананд. Бо ин вуҷуд, ба назар мерасад, шеваи тамаллуқ задан ҳар сол дар Тоҷикистон дигар мешавад ва миёни мансабдорон дар шаҳру навоҳӣ ин ба як мусобиқа табдил меёбад.

Алиҷон Назаров, як сокини дигари Душанбе мегӯяд, президент дар ҳалқаи бузурги "тамаллуқкорон афтодааст". Вай афзуд, “ин як хусусияти инсонӣ ҳаст, ки миёни як гурӯҳ як чизро сарат зиёд таблиғ карданд, ҳамонро ҳамчун воқеият мепазирӣ. Мутаассифона, президент дар ҳалқаи гурӯҳи тамаллуқкорон аст. Чанд бор гуфт, вале ин корҳо манъ нашуд ва фикр мекунам, ки ҳоло онро ҳамчун воқеият пазируфтааст. Фикр мекунам, ба президент ташвиқ мешавад, ки кор бояд чунин бошад. Ҳама инсон дар чунин муҳит дигар мешавад”.

Ин сокини Душанбе мегӯяд, агар вазъ чунин идома кунад, то соли дигар дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон “Рӯзи президент” ба мисли ҷашни рӯзи ваҳдату истиқлол таҷлил хоҳад шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG