Пайвандҳои дастрасӣ

Freedom House: "Озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таназзул кардааст"


Созмони Фридом Ҳаус дар гузориши худ бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2017" мегӯяд, ки ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 67 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таназзул ёфтааст. Аммо масъулони ҳизби ҳокими халқӣ демократи Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ба ӯҳда дорад, ин гузоришро "якҷониба ва ғаразнок" арзёбӣ карданд.

Масъулони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, гузориши Freedоm House-ро "якҷониба ва ғаразнок" арзёбӣ карданд.

Фридом Ҳаус ва ё Хонаи Озодӣ гуфт, соли 2016 бо нерӯмандтар шудани ҳукуматҳои худкома дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон ва сар боло кардани “нерӯҳои шӯҳратталаб ва миллатгаро” дар кишварҳои демократии ғарбӣ таҳдид ба ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ бештар шудааст.

Дар гузориши созмон бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2017" омадааст, ки ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 67 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таназзул ёфтааст ва беҳбудӣ фақат дар 36 кишвар мушоҳида шудааст. Хонаи Озодӣ дар маҷмӯъ вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон дар 195 кишварро арзёбӣ кардааст.

Ба гуфтаи созмон, яке аз кишварҳое, ки вазъ дар он зиёд бад шудааст, Русия аст. “Русия бо намоиши такондиҳандаи густохӣ ва хусумат ба ҷараёнҳои сиёсии Амрико ва дигар кишварҳо дахолат кард, кӯмаки низомӣ ба диктатори Сурияро зиёд кард ва ғасби қаламрави Украинаро тақвият бахшид”. Айни замон ба гуфтаи Хонаи Озодӣ, Маскав фазо барои гуногунандешӣ ва мухолифони сиёсиро дар дохил тангтар кардааст.

Сара Репуччӣ, сухангӯи созмон дар шаҳри Ню Йорк мегӯяд, озодиҳо то кунун фазои табъизомез дошт ва вазъ ҳар сол бадтар мешавад. “Мо имсол бахусус аз идораи интихоботи порлумонӣ ва интихоботи маҷлисҳои минтақавӣ ва маҳви мухолифони озодандеш дар маҷлисҳо нигарон ҳастем. Ҳам аз онки созмонҳои ғайриҳукуматиро “гумоштаи хориҷӣ” ё ғайриқобили қабул номида аз ин роҳ созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ё садоҳои мустақилро хомӯш карданд.”

Айни замон ба гуфтаи Фридом Ҳаус, сар баланд кардани нерӯҳои миллатгаро ва шӯҳратталаб (популист) дар кишварҳои демократӣ, сабаби таназзули озодиҳо дар саросари ҷаҳон шудааст. “Мо бо саркӯбҳои афзоянда дар кишварҳои худкома ошно ҳастем, вале таназзули озодиҳо дар кишварҳои озоди ҷаҳон, осори худро ба таназзули озодиҳо дар саросари ҷаҳон мегузорад.”

Хонаи Озодӣ дар бораи авзои ҳуқуқи инсон ва озодиҳо дар кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукуматҳо дар ин минтақа “дар миёни нобасомониҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барои тақвияти нерӯи худ гомҳои дигар бардоштаанд.”

Элен Агекиён, намояндаи созмон гуфт, ки озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 2016 маҳдуд шудаанд ва кишвар дар гузориши имсола нишондодҳои бисёр бад дорад. "Маҳдудтар шудани ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ, маҳви комили садои мухолифон, расонаҳои мухолифон, расонаҳои мустақил, хомӯш кардани ҷомеаи маданӣ мушоҳида шуд", – гуфт Элен Агекиён ба Радиои Озодӣ.

Дар гузориши созмон ҳамчунин омадааст, ки “раъйпурсӣ роҳи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳукумати номаҳдуд дар кишвар боз мекунад ва поин овардани синни номзад ба мақоми президент, як ҳаракате барои ҷойгузини худ кардани писараш аст”.

Дар ин гузориш маҳкум ба зиндон шудани аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар соли гузаштаро ҳам зикр кардаанд. Хонаи Озодӣ дар маҷмӯъ бо 49 кишварро “ноозод” номидааст, ки 36 дар сади аҳолии кураи Замин дар онҳо зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистон ҳам дар байни ҳамин кишварҳои ноозод аст. Туркманистону Узбакистон дар байни 11 кишваре ҳастанд, ки вазъи озодиҳои сиёсӣ ва маданӣ дар онҳо дар муқоиса бо Тоҷикистон ҳам бадтар будааст.

Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбии созмони “Фридом Ҳаус” аз вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистонро "якҷониба ва ғаразнок" хонд. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар фазои сиёсии Тоҷикистон 7 ҳизб озода фаъолият дошта, барои фаъолияти озоди расонаҳову шабакаҳои мустақил шароит фароҳам шудааст.

Усмон Солеҳ аз ҷумла афзуд, "ба назари ман, шаҳрвандон дар баёни андешаҳои гуногун ҳеч мушкил надоранд. Ба наздикӣ ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор шуд. Ҳудуди 3 ҳазор ҳизбу созмон дар ин шӯро узвият дошта ва ҳар моҳ ҷаласаҳои худро баргузор мекунанд. Фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои аъзои ин ниҳод ба ҳукумат ирсол шуда ва ҳукумат ба ҳангоми гирифтани тасмим, аз ҷумла, такмилу таҳрири санадҳои ҳуқуқӣ онҳоро ба эътибор мегирад." Ба андешаи сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, агар чунин арзёбиҳои “Фридом Ҳаус” асос медошт, Амрико, Ҷопон, Русия, Чин ва кишварҳои Аврупо бо Тоҷикистон ҳамкориҳоро густариш дода ва кумакҳои молӣ намерасонданд.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба эродҳои ин созмони мӯътабари байналмилалӣ дар бораи вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон комилан мувофиқ ҳаст ва ба эътибор нагирифтани ин гуна эродҳои созмонҳои байналмилалӣ ва наандешидани ҷораҳои зарурӣ барои ислоҳи ин вазъ, ба манфиати кор нест. Зеро дар ин сурат кишварҳои пешрафта ва созмонҳои байналмилалии молӣ мумкин аст аз сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Вай афзуд, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон озодии баён, дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ, интиқод аз фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, рақобати солими сиёсӣ миёни ҳизбҳо камранг шудааст ва ба Шӯрои ҷамъиятӣ ё парлумон роҳ ёфтани чанд ҳизб танҳо дар мувофиқа бо маъмурияти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имконпазир шуда, аммо ҳузури онҳо барои тағйирот дар қонунҳо, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва гуногунандешӣ ба назар намерасад.

Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба раъйпурсии моҳи майи соли гузашта гуфт, ки зарурате барои баргузории он набуд ва худи ин иқдом ба Қонуни асосӣ мухолифат дошт, чунки гуногунандешон ё ҷониби мухолиф имкони ширкат дар баҳсу баррасии ин санади ҳуқуқиро надоштанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон, 7 ҳизб ба таври расмӣ фаъолият карда, аммо ин вазъ ба таҳаввулот дар ҷомеа мунҷар нашудааст ва барои ҳизбҳои мухолиф кафолати амниятӣ вуҷуд надорад ва ҳамчунин, бисёрҳизбии воқеӣ ҷорӣ нашудааст.

Вай ба унвони мисол гуфт, ки Ҳизби сотсиал-демократ расман вуҷуд дошта, вале дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот надорад ва ба баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ оид ба масъалаҳои мубрами давлатдорӣ, мушкилоти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангӣ дар радио ва телевизиони давлатӣ, ки дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ нақши муассир дорад, даъват намешавад. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин баҳсу мунозираҳо бо ширкати аҳзоб ва ҳузури баробари онҳо, вуҷуд надорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG