Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар зиндони Сурия 13 ҳазор нафарро ба дор овехтаанд". ВИДЕО


Созмони Amnesty International ё Афви Байналмилал мегӯяд, ки ҳукумати Сурия беш аз 13 ҳазор нафар ва аксаран ғайринизомиёни тарафдори мухолифони давлатро дар як зиндоне ба дор овехта куштааст. Ин созмон, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 7 феврал бо нашри гузорише гуфт, дар бораи қатли ин мардум аз соли 2011 то соли 2015 санад ҷамъ овардааст ва зоҳиран ин қатлҳо ҳоло ҳам идома доранд. Ба гуфтаи ин созмони ҳомии ҳуқуқ, амалкарди ҳукумати Сурия баробар ба ҷинояти ҷангӣ аст.

Онҳоеро, ки қатл кардаанд, ба гуфтаи созмони Афви Байналмилал, ба мошинҳои боркаш андохта ва ба бемористони Тишрин барои сабти санади марг бурдаанд.

Масъулони Афви Байналмилал аз Созмони Милал хостаанд, ки ин масъаларо таҳқиқ кунад. Кормандони созмон барои таҳияи гузориш бо 84 нафар, аз ҷумла посбонҳо ва маҳбусони собиқи зиндон ва мақомот гуфтугӯ кардаанд ва аз қавли онҳо навиштаанд, ки рӯзона дар зиндони Саидниё, ки “қассобхона” ном гирифтааст, аз 20 то 50 нафарро ба дор меовехтанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Афви байналмилал: Дар зиндони низомии Сурия то 13 ҳазор кас кушта шудаанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Дар гузориш омадааст, ки баъд аз шурӯи ҷанги дохилӣ дар Сурия дар муддати 4 сол аз 5 то 13 ҳазор нафар дар зиндони низомии Саидниё кушта шудаанд ва иддао мешавад, ки амри қатли ин афрод аз мақомоти баландтарин дар ҳукумати Сурия омадааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, “аксарияти қурбониҳо, мардуми осоишта ҳастанд, ки мухолифони ҳукумат дониста мешуданд.”

“Аз соли 2011 ҳазорон нафар аз мардумро худсарона ва дастҷамъӣ, ҳангоми шаб ва пинҳонӣ ба дор овехта куштаанд” ва ба хонаводаҳояшон низ дар бораи сарнавишти онҳо хабаре надодаанд”, – омадааст дар ин гузориш. Маҳбусон, аз ҷумла сарбозони собиқ, ки ба хиёнат, даст доштан дар нооромӣ муттаҳам мешуданд, дар додгоҳҳои низомӣ зимни мурофиаҳои сохта ва ҳам зери шиканҷа ба “гуношаҳон эътироф кардаанд”.

Башор Асад
Башор Асад

Онҳоеро, ки қатл кардаанд, ба гуфтаи созмони Афви Байналмилал ба мошинҳои боркаш андохта ва ба бемористони Тишрин барои сабти санади марг бурда ва сипас дар як гӯри дастҷамъӣ дар як замини мутааллиқ ба артиш гӯр мекарданд.

Ҳукумати Башор Асад дар гузашта иддао дар бораи қатл ва ё бадрафторӣ бо маҳбусонро рад кардааст. Баъд аз шурӯи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Сурия дар соли 2011 Башор Асад ҳамаи онҳоеро, ки мухолифи ҳукуматаш ҳастанд, “террорист” номидааст.

Дар як таҳаввулоти дигар хабаргузории расмии САНА дар Сурия навиштааст, ки Башор Асад гуфтааст, баёнияи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи мубориза бо гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” “умедворкунанда” аст, ҳарчанд мунтазир шудани иқдомҳои амалӣ барвақт аст.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико маҳви гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро яке аз авлавиятҳои кораш дар ҳукумат хонда ва бо имзои фармоне аз Вазорати дифоъ хостааст, ки дар зарфи 30 рӯз барномаи муқаддамотии маҳви гурӯҳро пешниҳод намояд.

САНА навиштааст, ки Башор Ассад дар мусоҳиба бо хабарнигорон аз Белгия гуфтааст, ҳамкориҳои Амрикову Русия барои тақвият бахшидан ба ҷанг бар зидди ифротиён натиҷаҳои мусбат хоҳад дошт. Баъд аз ғасби нимҷазираи Қрим, дар моҳи марти соли 2014 ва ҳимояти Русия аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, нақши Маскав дар Сурия, робитаҳои Амрикову Русия бисёр сард шуд.

Аммо Доналд Трамп хостори беҳбуди ҳамкориҳо бо Русия шуда ва гуфтааст, ки заминаҳои зиёде барои ҳамкорӣ, аз ҷумла мубориза ба зидди терроризми исломӣ вуҷуд дорад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG