Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷовидон баъди марги Ҷалил ҳам таблиғоти ДИИШро идома дод?


Мақомоти Тоҷикистон ду бародари як ҷангии кушташудаи тоҷик дар Сурияро бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба сафи ДИИШ боздошт кардаанд. Тафтишот мегӯяд, ки ин ҳодисаи камназири таблиғи ақидаҳои гурӯҳи ифротӣ аз ҷониби хешовандони шахсест, ки ду сол пеш зери парчами сиёҳи ДИИШ кушта шудааст.

Мақомот бародарон – Ҷовидони 29 ва Абдухалил Ҳакимови 41-соларо ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кӯлоб боздошт карданд. Боздоштшудаҳо бародари Ҷалил Ҳакимов мебошанд, ки ба Сурия рафта ба худ лақаби Абу Ҳурайраи Форсӣ гирифт ва хабари маргаш оғози соли 2015 ба

Бархе аз рафтани наздиконашон ба Сурия ва Ироқ чандон пушаймон нестанд. Фикр мекунам, ки онҳо дар сӯҳбатҳои зиёд бо наздиконашон онҳоро бовар кунонидаанд, ки ақидаашон дуруст аст

Тоҷикистон расид. Мақомот бародарони ӯро барои ҷалби сокинони Тоҷикистону Русия ба сафи гурӯҳи ҷангӣ ва дар Тоҷикистон мамнӯи “Давлати исломӣ” муттаҳам медонанд. Ҷалил ё худ Абу Ҳурайраи Форсӣ дар видеоҳои таблиғотии ДИИШ то замони ҳалок шуданаш ҳамроҳ бо Нусратулло Назаров ё худ Абу Холиди Кӯлобӣ ба ташвиқу тарғиби ақоиди тундгароӣ машғул буданд.

"Гуфтанд, ки писаронат ҷавонҳоро ба Сурия равон мекардаанд"

Муҳаббат Давлатова, модари ин ду ҷавони боздоштшуда 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, се рӯз пеш афроде, ки худро кормандони милиса унвон карданд, ба манзили онҳо дар Кӯлоб омада писаронашро боздошт карда, ба шаҳри Душанбе бурданд. Ин зан гуфт, писари хурдиаш Ҷовидон як моҳи пеш аз Русия баргашта буд ва писари бузургаш аз шаҳри Кӯлоб берун нашуда буд.

Давлатова аз қавли полис гуфт: “Гуфтанд, ки писаронат ҷавонҳоро ба Сурия равон мекардаанд. Метарсам, ки онҳоро азоб медиҳанд. Дигар намедонам, онҳо чӣ кор кардаанд. Якеаш дар Русия буд. Кор мекард пул равон мекард. Дигараш дар хона бекор буд”, - гуфт ӯ.

Ин зан мегӯяд, писари дигараш, ки хабари маргаш аз Сурия омдааст, панҷ соли пеш бо мақсади кор ба Русия рафта буд ва бо ҳамин даракаш аз Сурия омад.

Тафтишот: Ҷовидон 10 нафарро ба ҷанг ҳидоят кард

Мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошти ин ду бародарро тасдиқ карданд. Як ҳамсӯҳбати радиои Озодӣ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 12 январ гуфт, тафтишот дар даст далел дорад, ки Ҷовидон Ҳакимов, яке аз ин бародарон дар сафарбар кардани дастикам даҳ ҷавони тоҷик аз Русия ба ҷангҳои Ироқу Сурия нақш дорад.

Акси Ҷалил Ҳакимов аз Сурия фиристода шудааст
Акси Ҷалил Ҳакимов аз Сурия фиристода шудааст

“Ин ҷавон то лаҳзаи марги бародараш бо ӯ тамос дошта, дар Русия ҷавононро таблиғ карда, онҳоро ба Сурияву Ироқ мефиристодааст. Пас аз марги бародараш низ бо дӯстони бародараш тариқи интернет кори худро давом додааст. Давоми солҳои 2014-2015 наздики даҳ нафарро ба Сурия фиристодааст, ки ду нафари онҳо дар марзи Туркия боздошт шуданд ва онҳо нисбати ин ҷавон баёнот додаанд”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, бар асоси далелҳои кофӣ нисбат ба Ҷовидон Ҳакимов ин ҷавон бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “Зархаридӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, аммо ҳанӯз барои боз кардани парванда нисбат ба бародараш - Абдухалил Ҳакимов далелҳои кофӣ рӯи даст нест. “Ҳоло танҳо бародари боздоштшудааш дар ин бора шоҳидӣ додааст, ки Абдухалил низ дар ин ҷиноят бо ӯ шарик аст ва аз Тоҷикистон низ ба таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротгароёна машғул буд. Аммо барои боз кардани парванда далели кофӣ нест. Аммо дар нисбати Ҷовидон шоҳидон баёнот дода, худаш низ ба ҷиноят иқрор шуда ва мукотибаҳояшро бо аъзои гурӯҳи ДИИШ ба тафтишот пешниҳод кардааст. Ҳоло нисбат ба бародараш тафтишот давом дорад”, - гуфт намояндаи тафтишот.

Боздошти наздикони афроде, ки дар Сурия кушта мешаванд, бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ хеле кам иттифоқ афтодааст. Аммо коршиносони тоҷик мегӯянд, мубаллиғони ҷанги зери парчами ДИИШ дар навбати аввал талош мекунанд ақидаҳои худро ба наздиконашон бор кунанд ва тавассути онҳо ба дигарон ҳам таъсир расонанд.

"Наздикони аъзои ДИИШ таъсирпазиранд"

Саъдӣ Намозов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, дар ҳолатҳои зиёд дидааст, ки наздикони аъзои ДИИШ зери таъсири ақидаҳои онҳо мемонанд. “Онҳо ҳарчанд ошкоро ҷонибдорӣ намекунанд, вале аз лаҳни сӯҳбаташон эҳсос мешавад, ки бархе аз рафтани наздиконашон ба Сурия ва Ироқ чандон пушаймон нестанд. Фикр мекунам, ки онҳо дар сӯҳбатҳои зиёд бо наздиконашон онҳоро бовар кунонидаанд, ки ақидаашон дуруст аст. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки кор бо наздикони ҷавонони ба Сурия рафта ҳам бояд ба роҳ монда шавад”.

Тибқи иттилои расмӣ, наздики 1100 шаҳрванди Тоҷикистон баъди соли 2014 барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ва бархе ҳамроҳ бо зану кӯдакони хурдсоли худ рафтаанд. Ҳоло аксари ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд, вале зану фарзандонашон дигар имкони бозгашт ба ватанро надоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG