Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хатлон курсиҳои раҳбариро ба ҷавонон медиҳанд


Ба курсиҳои раҳбарӣ дар Хатлон ҳам соли равон ҷавонони 25-26 сола такя хоҳанд зад. Дар пайи тасмими ҷавонгароии ҳукумат дар "Соли ҷавонон", мақомот дар Хатлон эълон доштанд, ки шумори ҷавонони бекорро коҳиш ва мутахассисони ҷавонро ба маснадҳои раҳбарӣ пешбарӣ хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин минтақа расман беш аз 9 ҳазор ҷавон бе ҷойи кор аст.

Дастури раҳбари вилоят барои бо ҷойи кор таъмин кардани ин ҷавонон ба гуфтаи масъулин, аллакай ба иҷро даромадааст ва тамоми сохторҳо муваззаф шудаанд, ки ҳар 3 моҳ ба Оҷонсии омор дар мавриди ба кор ҷалб кардани ҷавонон ҳисобот пешниҳод кунанд.

Заррина Давлатова.
Заррина Давлатова.

Заррина Давлатова, сардори Сараёсати Оҷонсии омор дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як моҳи ахир, ин ниҳод 10 муттахассиси ҷавонро бо кор таъмин кард. Вай аз ҷумла гуфт ки, дар чаҳорчӯби "Соли ҷавонон" талош мекунанд, ки ҷавонони 25-26-соларо ба вазифаҳои раҳбарикунанда таъйин кунанд ва илова бар ин, воҳидҳои корӣ таъсис шудааст, ки ҷавононро ба кор бигиранд.

Яке аз чунин ҷавонон, ки тибқи дастури ахири раиси вилоят ва тасмими ҷавонгароии ҳукумат рӯйи вазифа омад, Салоҳиддин Алимзодаи 26-сола аст. Ӯ ҳоло ба ҳайси сардори раёсати омори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият дорад.

Салоҳиддин мегӯяд, ба ин вазифа баъди талошу кор дар зинаҳои дигар расид ва талош хоҳад кард, то аз иҷрои кор дар ин маснади пурмасъулро ба хубӣ барояд: «Як моҳ шуд ба кор шурӯъ кардам, дар соли ҷавонон ба мо бовар карданд. Кори роҳбари душвор аст, вале талош мекунам, ки аз ӯҳдааш бароям, дар аввал душвор аст, вале умед мекунам, ки дар оянда хуб мешавад.»

Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки имсол ҳам ба курсиҳои раҳбарӣ дар Хатлон ҷавонони 25-26 сола такя хоҳанд зад.

Тадбири ҷалби ҷавонон ба кор дар тамоми сохторҳои Хатлон ҳам дар ҳолест, ки мавзӯи бекорӣ дар ин минтақа доғ аст ва мисли дигар манотиқи кишвар даҳҳову ҳазорҳо ҷавон бо дипломҳои сурху кабуд наметавонанд барои худ ҷойи коре пайдо ва зиндагиро бичархонанд.

Ба бовари таҳлилгарон, як далели пайвасташавии аксар ҷавонон ба ҳизбу ҳаракоти ифротӣ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия аз Хатлон ҳам маҳз бекории ҷавонон аст. Ҳатто мутахассисони ҷавоне ҳам, ки бо дипломҳои олии донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар баргаштаанд, бо вуҷуди талошу ҷустуҷӯҳои зиёд, наметавонанд барои худ кори муносиб пайдо кунанд.

Низом, як ҷавони 23-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа аст, ки соли гузашта дар як донишгоҳи Маскав таҳсил кардааст ва мутахассиси бонк аст. Ӯ мегӯяд, бо хатми донишгоҳ умед дошт, дар кишвар ба зудӣ метавонад соҳиби кори хубе шавад, чун таҳсилкардаи хориҷ аст ва чунин кадрҳо бояд харидор дошта бошанд.

Аммо вақте баргашт, ба қавле "тарбуз аз бағалаш" афтид. Ҳеҷ як бонк ӯро ба кор нагирифт ва ҳоло Низом тасмим дорад дубора ба Маскав баргардад. «Чор сол ман таҳсил кадам, вале фикр намекардам, ки пайдо кардани кор душвор аст, фикр мекардам, ки мо имтиёз дорем, вале омадем кор нест. Дар озмунҳо наметавонем, ки муваффақ бошем.»,-мегӯяд Низом.

Асилбӣ Наврӯзода, сардори Раёсати Оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират гуфт, ки дар вилояти соли гузашта 18 ҳазору 118 нафар ҷавон барои пайдо кардани ҷойи кор ба онҳо муроҷиат кардаву ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят гуфт, ҳоло дар вилоят наздики 10 ҳазор ҷавон расман чун бекор сабт шудаанд. Тибқи оморҳои расмӣ, дар вилояти Хатлон беш аз 1 миллиону 20 ҳазор нафаррро ҷавонон ба сар мебаранд, ки дар маҷмӯъ 32 дарсади аҳолии ин минтақаро ташкил медиҳад.

Таҳлилгарон дар Хатлон мегӯяд, ки бекорӣ дар миёни ҷавонон аз мавзӯъҳои доғе дар чанд соли ахир боқӣ мондааст, ки онҳоро барои анҷом додани ҷиноятҳои дуздию қаллобӣ таҳрик медиҳад. Омори ҷинояҳои дуздӣ ва қаллобӣ низ дар вилояти Хатлон нигаронкунанда гуфта мешавад ва аз додситонии вилояти Хатлон гуфтаанд, ки назар ба соли 2015 ҳолатҳо дуздӣ ва қаллобӣ низ бештар будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG