Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, Туркия ва Эрон даври нави гуфтушуниди Сурияро оғоз карданд


Қазоқистон- барфи аввал дар Остонаю 11 октябри соли 2016.
Қазоқистон- барфи аввал дар Остонаю 11 октябри соли 2016.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки Русия, Туркия ва Эрон даври нави гуфтушуниди Сурияро аз баррасии абзори таъмини оташбасе шурӯъ карданд, ки бо миёнаравии онҳо эълон шуда буд.

Бино бар гузориши Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, ҳамоиши Остона бо ширкати Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин Урдун ҷараён дорад. Ин даври дувуми гуфтушуниди сулҳи Сурия дар Остона аст.

Даври аввали гуфтугӯҳо 23–24 январ барои ҳалли сиёсии ҷанги шашсолаи шаҳрвандӣ натиҷае наовард, вале тарафҳо ба таъсиси Гурӯҳи муштараки фаврӣ ҳамчун механизми дидбонии оташбаси ҳассос дар Сурия даст ёфтанд. Ин гурӯҳ аз коршиносони се кишвар -- Русия, Туркия ва Эрон иборат аст.

Москва ва Теҳрон дар низои Сурия аз ҳукумати президент Башор Асад пуштибонӣ мекунанд, аммо Анқара тарафдори бахше аз нерӯҳои мухолифи Асад аст.

Аз оғози ҷанг дар соли 2011 наздики 300 ҳазор сурёнӣ ҷон бохта, миллионҳо сокини ин кишвар дар ба дар шудаанд.

XS
SM
MD
LG