Вилояти Суғд макони аслии истеҳсоли меваи хушк дар Тоҷикистон аст - 90 % ин маҳсулотро кишоварзони ҳамин минтақа омода мекунанд. Вале барои аксари онҳо ҳадаф - содироти маҳсулоташон ба бозори Русия мебошад, чун даромад аз фурӯши меваи хушк ба беруни Тоҷикистон даромади беҳтар дорад. Вале соли 2016 бо сабаби номусоидии ҳаво ба Русия ҳаҷми хеле ками меваи хушк содир шудааст. Аз рӯи ҳисобҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба Русия танҳо 12 ҳазор тонна меваи хушк ба маблағи 2,3 миллион доллар содир шудааст. Дар муқоиса бо соли 2009 ин нишондод хеле ночиз аст. Он сол дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 100 ҳазор тонна меваи хушк дар ҳаҷми беш аз 30 миллион доллар содир шудааст.
Меваи хушки Тоҷикистон

1
Пистаи тоҷикӣ, бодом ва дигар анвои чормағзҳои маҳаллӣ - аз 70 то 120 сомонӣ пешниҳод мешавад

2
Зардолуи хушк, яке аз серистеъмолтарин меваҳои хушк дар бозори Душанбе барои ҳар килограмм ҳудудан 50-60 сомонӣ нарх дорад

3

4
Нархи мавизи сиёҳ 100-120 сомонӣ аст
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир