Панҷ сол қабл, дар рӯзи 15 марти соли 2011 дар шаҳри Даръои Сурия эътирозҳо алайҳи режими Башор Асад оғоз шуд. Мақомот бо эътирозгарон бархӯрди хушунатомез карданд ва шумореро боздошт намуданд ва шумореро куштанд. Ҳамин тариқ оташи ҷанг дар Сурия аланга зад.
Панҷ соли ҷанги Сурия дар тасвирҳо
Панҷ сол қабл, баъд аз эътирозҳои алайҳи Башор Асад дар шаҳри Даръои Сурия оташи ҷанг дар ин кишвар аланга гирифт ва то кунун ҳазорҳо қурбонӣ ва бар ҷой гузоштааст.
1
Эътирозҳо дар шаҳри Даръо дар таърихи 23 марти соли 2011.
2
Шаҳри Ғутта дар ҳошияи Димишқ. Ба иттилои мухолифони Сурия, дар таърихи 21 марти соли 2013 нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа аз силоҳи кимиёвӣ истифода бурданд.
3
Муфаттишони Созмони Милали Муттаҳид дар як бемористон, аз аҳволи осебдидагони ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳраки Муадамия дар ҳошияи Димишқ, дидан мекунанд.
4
Парандагон ҳам аз ҳамлаҳои кимиёвии моҳи августи соли 2013 дар наздикҳои Димишқ ҷони солим набурданд.