Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекунанд, бо баргузории як барномаи фарҳангӣ, расму одатҳо ва таърихи мардуми тоҷикро муаррифӣ намуданд. Мусохон Муқаямов, яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи KAIST (Korea Advanced Institute of Science and Technology) ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 1-уми октябр дар ин донишгоҳ Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд. Ба гуфтаи вай ин барнома бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд ва донишҷӯёни тоҷик ҳозиринро ба расму одат ва таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ошно намуданд. Инчунин барои устодону донишҷӯёни хориҷӣ хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла палав, салат, самбусаи варақӣ ва меваҷот пешниҳод шуд.
Муаррифии фарҳанги тоҷикӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир