Рустои Учқӯрғон дар наздикии шаҳри Қадамҷой дар паҳлуи марзи Қирғизистон бо Узбакистон ҷойгир шудааст ва зоҳиран аз рустоҳои дигари воқеъ дар тӯли шоҳроҳи Ӯш - Бодканд фарқе намекунад. Вале ин русто бузургтарин макони сукунат ва бузургтарин маркази фарҳангии тоҷикони Қирғизистон ба шумор меравад. Тоҷикон аз қадимулайём дар ин макон дар паҳлуи узбакҳову қирғизҳо ба сар мебаранд ва танҳо танишҳои пайваста дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳаёти онҳоро дар ин ҷо дучори мушкил мекунад. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Жанил Жусупжан ин аксҳоро аз баъди сафар Ӯчқӯрғон, сӯҳбатҳо бо раҳбарони ҷамъияти тоҷикон ва дидани чанд мактабе, ки дар онҳо ба шогирдон ба чанд забон таълим медиҳанд, овардааст.
Тоҷикони Қирғизистон
Рустои Учқӯрғон дар ҷануби Қирғизистон ҳамчун бузургтарин макони сукунат ва бузургтарин маркази фарҳангии тоҷикони Қирғизистон маъруф аст.
1
Муҷассамаи қаҳрамонони Ҷанги дувуми ҷаҳон дар маркази Ӯчқӯрғон. Дар инҷо 70 дарсади мардум бекор аст ва бисёриҳо ба боғдорӣ машғуланд. Аксари себу шафтолу, гелосу олу ва ангури Учқӯрғон ба берун фурӯхта мешавад.
2
Мавлонҷон Абдураззоқов, раиси Анҷумани тоҷикони Учқӯрғон. Рӯи мизи кории ӯ китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикист, ки ҳукумати Тоҷикистон фиристодааст. Абдураззоқов мегӯяд, дар рӯзҳои нооромӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон вазъ дар Учқӯрғон ҳам буғранҷ мешавад.
3
Муаллифи нахустин "Алифбо"-и тоҷикӣ дар Қирғизистон Ҳурматхон Аҳмадалиева бо шоигрдонаш дар мактаби ба номи Садриддин Айнӣ. Таълим дар ин мактаб ба забонҳои тоҷикиву русист. Ахиран дар инҷо синфҳои қирғизӣ низ кушоданд.
4
Овезаи тоҷикӣ дар мактаби ба номи Айнӣ. Дар Учқӯрғон 10 мактаб амал мекунад. Бархе кӯдакони тоҷикзабон ба далели камбуди китобҳои дарсӣ таҳсил бо забонҳои дигарро ихтиёр мекунанд. Омӯзгорон мегӯянд, сатҳи забони тоюикии насли нав пойин рафтааст.