Намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Тоҷикистон
Рӯзи 19 сентябр дар долони бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанби намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон оғоз ёфт. Ин намоишгоҳ дар Тоҷикистон даҳ рӯз идома мекунад ва дар он 17 ширкати ҳиндӣ молу маҳсулоти худ ба шумули пойафзол, либосҳои мардона ва занона, матоъҳои гуногун, ҷавоҳирот, мебел ва лавозимоти рӯзгордориро пешкаши сокинони пойтахти Тоҷикистон намуданд. Ин намоишгоҳ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати «INDO RUSSIA EXPO» роҳандозӣ шудааст. Навор аз хабарнигори Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир