Тоҷикистон чанд чизи нодире дорад, ки ба дасти мардум ва ё табиат сохта шудаанд. Нигоҳе ба панҷтои онҳо.
Панҷ чизе, ки ба ҷуз Тоҷикистон касе надорад

1
Тоҷикистон ягона кишвари ҷаҳон аст, ки пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ тақрибан нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии онро ташкил медиҳад. Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли 2012 тақрибан 7 миллиард долларро ташкил медод ва дар он сол муҳоҷирон ба кишвар бештар аз 3 миллиард доллар фиристодаанд. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ соли 2011 пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик 47 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медод. Муҳоҷироне, ки баъзан дар чунин шароит "истироҳат" мекунанд. Акс аз Ройтерз

2
Дар Тоҷикистон баландтарин садди сунъӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва он садди обанбори нерӯгоҳи барқи обии Норак, дар рӯдхонаи Вахш аст, ки 300 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони ин нерӯгоҳ соли 1961 шурӯъ шуда ва соли 1980 такмил шудааст. Бо тавоноии 3 ҳазор мегаватт, Норак бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон аст, ки тобистонҳо бештар аз эҳтиёҷоти дохилӣ ва зимистон камтар аз он нерӯи барқ тавлид мекунад. Ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" тармиму навсозии Норакро аз авлавиятҳои кори худ дар соли 2013 хондааст. (Акс аз OSCE)

3
Пиряхи Федченко, як атои беназири табиат дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон аст, ки 700 километри мураббаъ масоҳат дорад, бузургтарин пиряхи хориҷ аз қутбҳои яхбастаи курраи Замин аст. Дарозии пирях ба 77 километр ва ғафсии онҳо дар баъзе аз ҷойҳо то як километр мерасад. Ба шарофати ин пирях даҳҳо миллионҳо нафар дар Осиёи Марказӣ бо об таъмин ҳастанд. Аммо гармоиши курраи Замин ба ин атои беназир низ таҳдид мекунад ва солҳои ахир забонаҳои пиряхи Федченко ақибнишинӣ кардаанд. Акс аз Оҷонси Кайҳоншиносии Ҷопон (Japan Aerospace Exploration Agency)

4
Бузургтарин пайкараи Буддо дар ҳолати нирвана, дар Осорхонаи Миллии Бостоншиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар “хоби абадӣ” аст ва ингуна пайкара дар ҳеҷ гушаи ҷаҳон вуҷуд надорад. Буддои қоматбаланди чандҳазорсоларо, соли 1966 дар ҷануби Тоҷикистон пайдо карданд. Пайкараи гилини буддо 14 метр ва вазни он тақрибан 5,5 тонна аст. Аксари саёҳони хориҷӣ, бе "зиёрати" ин Буддо аз Тоҷикистон барнамегарданд. Акс аз http://orexca.com/