Тӯли ду даҳсолаи охир марзҳои Осиёи Марказӣ борҳо ба маҳалли танишу моҷароҳои сокинони маҳаллӣ табдил шудаанд. Охирин ҳодисаи пурсарусадои моҷарои марзии водии Фарғона дар ҷазирақаламарви Сӯхи Ӯзбакистон рӯй дод, ки дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир аст. Дар паи як моҷарои миёни сокинони рустоҳои сарҳадии Ӯзбакистону Қирғизистон рӯзҳои 5-6 январи соли 2013 ба муддати 20 рӯз марзҳо баста шуда, сокинони Сӯх дар инзивои башарӣ қарор гирифтанд. Коршиносон мегӯянд, ки иллати аслии сар задани моҷароҳои марзӣ дар номуайян будани сарҳад мебошад. Сокинони маҳаллӣ, ки тамоми умр дар рустоҳои атрофи марз ба сар мебаранд, то ҷое ба чунин номуайяниҳо одат ва зиндагии худро ба шароит мутобиқ кардаанд. Онҳо ҳаддалимкон ба қаламрави ҳамсоякишварҳо рафта зарурати зиндагӣ – хариду фурӯш, ҳифзи равобити хешутаборӣ ва дигар эҳтиёҷоти худро бароварда месозанд. Аксбардори сайти интернетии kloop.kg Светлана Зеленская аз як қитъаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дидан карда, дар мисоли зиндагии як хонаводаи хонум Гулбубу Исоеваи 72-сола, хонуми қирғизтабори сокини рустои Зарафшони Тоҷикистон шароити зиндагии сокинони марзро тасвир кардааст. Аксҳо аз сайти http://kloop.kg/blog/kloop_galleries/zhizn-na-ky-rgy-zsko-tadzhikskoj-granitse гирифта шудаанд.
Зиндагии оддии сокинони марзи Тоҷикистону Қирғизистон
5
Вай мегӯяд, ки барои бемушкил гузаштани марз ҳамеша ба сарҳадбонон шириниву ғизои дастпухт мебарад
6
Исоева пули андозро ба Тоҷикистон ва харҷи барқро ба Қирғизистон месупорад
7
Дар иҷрои корҳои хоҷагӣ ба хонаводаи хонум Исоева як гову чанд хар кӯмак мекунанд. Хонум Исоева мегӯяд, ки нафақаи ӯ да ҳаҷми 150 сомонӣ барои зиндагӣ кифоят намекунанд
8
Ӯ модари нӯҳ фарзанд аст, вале аксари онҳо дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Дар хоки Тоҷикистон вай ҳамроҳ бо писари хурдии худ Мирзо ва ду наберааш зиндагӣ мекунад
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир