Тӯли ду даҳсолаи охир марзҳои Осиёи Марказӣ борҳо ба маҳалли танишу моҷароҳои сокинони маҳаллӣ табдил шудаанд. Охирин ҳодисаи пурсарусадои моҷарои марзии водии Фарғона дар ҷазирақаламарви Сӯхи Ӯзбакистон рӯй дод, ки дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир аст. Дар паи як моҷарои миёни сокинони рустоҳои сарҳадии Ӯзбакистону Қирғизистон рӯзҳои 5-6 январи соли 2013 ба муддати 20 рӯз марзҳо баста шуда, сокинони Сӯх дар инзивои башарӣ қарор гирифтанд. Коршиносон мегӯянд, ки иллати аслии сар задани моҷароҳои марзӣ дар номуайян будани сарҳад мебошад. Сокинони маҳаллӣ, ки тамоми умр дар рустоҳои атрофи марз ба сар мебаранд, то ҷое ба чунин номуайяниҳо одат ва зиндагии худро ба шароит мутобиқ кардаанд. Онҳо ҳаддалимкон ба қаламрави ҳамсоякишварҳо рафта зарурати зиндагӣ – хариду фурӯш, ҳифзи равобити хешутаборӣ ва дигар эҳтиёҷоти худро бароварда месозанд. Аксбардори сайти интернетии kloop.kg Светлана Зеленская аз як қитъаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дидан карда, дар мисоли зиндагии як хонаводаи хонум Гулбубу Исоеваи 72-сола, хонуми қирғизтабори сокини рустои Зарафшони Тоҷикистон шароити зиндагии сокинони марзро тасвир кардааст. Аксҳо аз сайти http://kloop.kg/blog/kloop_galleries/zhizn-na-ky-rgy-zsko-tadzhikskoj-granitse гирифта шудаанд.
Зиндагии оддии сокинони марзи Тоҷикистону Қирғизистон
1
Хонум Гулбубу Исоеваи қирғизтабор 72 сол дошта, тамоми умр дар рустои Зарафшони Тоҷикистон дар марз бо вилояти Ботканди Қирғизистон ба сар мебарад.
2
Хонум Исоева ба наберааш Қурбонбек акси ҷавониҳои худ ва ҳамсараш Абдусаимро намоиш медиҳад. Вай мегӯяд, ки тибқи васияти шавҳараш, онҳо бояд дар рустои бобоии худ ба сар баранд.
3
Хонум Исоева мегӯяд, ки оилаи онҳо танҳо хонаводаи қирғизии рустои Зарафшон аст, ки баъди суқути шӯравӣ нахостааст ба хоки Қирғизистон кӯч бандад.
4
Барои харид хонум Исоева ҳамеша ба қаламрави Қирғизистон меравад.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир