Сӯхтор дар яке аз бозорҳои Кобул
Рӯзи якшанбе сӯхтори бузурге бозори маркази шаҳри Кобулро ба коми худ кашид. То ҳол дар бораи талафоти ҷонӣ иттилоъ нарасидааст, вале даҳҳо дукони дохили бозори Мандавӣ маҳв гардида, ба қавли мақомот маркази асъори шаҳри Кобул, ки дар назди ин бозор қарор дошт, ба ҷои амн интиқол дода шуд. Гурӯҳҳои сӯхторнишонии паймони НАТО ва артиши афғон барои мубориза бо оташ даъват шуданд. Тахмин мешавад, ки сабаби сӯхтор тамоси симҳои интиқоли нерӯи барқ аст. Бозори марказии Кобул дар як километрии қасри раёсатҷумҳурӣ ва як идда вазоратҳои Афғонистон ҷойгир мебошад. Мақомот аз эҳтимол дур медонанд, ки сӯхтори амали террористӣ бошад.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир