Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба раҳбарии Раҳмон Набиев


Нигоҳе ба раҳбарии Раҳмон Набиев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:57 0:00
Линки мустақим

Раҳмон Набиев моҳи декабри соли 1991 ба сари қудрат омад. Раисиҷумҳуре, ки дар гузаштаи начандон дури замони Шӯравӣ зимоми қудрати Тоҷикистонро дар даст дошт ва он замон гӯиё ноадолатона аз мансаб барканор шуда буд. Ин дафъа Набиев дар ҳоле дубора ба курсии раҳбарӣ нишаст, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои рӯшанфкру озодихоҳ дар авҷи шаклгирӣ буданд ва ибтидо худи ҳамин интихоби Набиев ба симмати раҳбари кишвар эътирози мухолифини ҳукуматаро ба бор овард. Аммо авҷи эътирозҳо дар баробари ҳукумати Набиев дар баҳори соли 1992, пас аз барканории вазири умури дохилии кишвар Мамадаёз Навҷувонов, шурӯъ шуд. Моҳи майи соли 1992 кишвар ба гирдоби тӯфони хунрезиҳо фурӯ рафт ва ба хотири пешгирӣ аз буҳрони амиқтари сиёсӣ ҳукумати муросои миллӣ рӯи кор омад. Ҳукумати нав, ки дар он намояндагони мухолифин мақоми муҳимро ишғол карданд, нақши Раҳмон Набиевро ҳамчун раисиҷуҳмур камранг кард. Ин ҳукумат низ натавонист кишварро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун кунад. Акнун онҳое, ки мухолифи мухолифин буданд, даст ба амал заданд. Назорати ҳукумати марказӣ бар тамоми қаламрави кишвар аз даст рафт ва танҳо Душанбе буд, ки ҳукумат камубеш дар он нуфуз дошт. Минтақаҳои кишвар таҳти нуфузи қумондонҳои алоҳида қарор гирифтанд. Идеяи баргузор кардани Сессияи 16-ум дар Хуҷанд, дар ҳамин марҳила ба миён омад. Дар ин миён раисиҷумҳур Набиев аз тарафи гуруҳе аз ҷавонони шаҳри Душанбе ҳангоми фирори ӯ ба Хуҷанд боздошт шуд ва маҷбуран аризаи истеъфои худро имзо кард. Рӯзи 16-уми ноябр Шӯрои Олӣ сессияи фавқулоддаеро дар Хуҷанд баргузор кард. Раҳмон Набиев низ ба сессия даъват шуд, вале на ба хотири барқарор кардани ӯ ба мақоми президентӣ, балки барои қонунан ба истеъфо рафтан. Набиев, ки то он замон умеди бозгашт ба қудратро дошт, зимни суханронӣ дар ҷаласа гуфт, «агар аз мансаби президентӣ рафтани ман боиси оромӣ дар кишвар гардад, пас, ман розӣ ҳастам, ки ин мансабро гузорам.» Бо ҳамин, президент Набиев аз фазои сиёсии ноороми кишвар нопадид шуд ва зимоми идораи давлат ба гурӯҳҳои дигар гузашт, ки дар гузашта дар майдони сиёсӣ ҷойгоҳ надоштанд. Тарҳи нави «Нигоҳ аз ду зовия»-и Радиои Озодӣ ба нахустин президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ва замони раҳбарии ӯ бахшида мешавад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG