Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар он кас, ки "Шоҳнома"-хонӣ кунад...


Дар шаҳри Кӯлоб миёни ҷавонон озмуни "Шоҳнома"-хонӣ баргузор шудааст.

Ҳарчанд, давоми беш аз даҳ сол дар Кӯлоб маҳфили «Шоҳнома"-хонӣ амал кунад ҳам, аммо бори аввал аст, ки чунин озмуне дар миёни ҷавонон баргузор мешавад.

Зафар Мирзоён, раҳбари маҳфили мазкур аз баргузории чунин озмун истиқбол кард. Ӯ гуфт, ки ин қадами аввал аст ва умед аст, ки дар оянда чунин маҳфилу озмунҳо бештар мешаванд: «Дар ҳоле, ки мо тарғиби ватандӯстию ватанпарастӣ мегӯем, ҷойгузини беҳтаре ба ҷуз «Шоҳнома» ва достонҳо он наметавонем дошта бошем. Агар ба ин китоби китобҳо жарф нигоҳ кунем, ҳама саросар ватану ватандорист. Аъзоёни маҳфили мо саҳнаҳои ҷанги Рустаму Сӯҳроб ва Сӯҳробу Гурдофаридро нақш бозиданд. Нек назар кунем, Рустам ҳис мекунад, ки Сӯҳроб фарзандаш аст. Фирдавсӣ метавонист, Сӯҳробро бо дасти Рустам накушад. Аммо ӯ ин ҷо дигар нуктаро дар назар дорад, яъне ҳар нафаре душмани ватани ман ҳаст, ҳатто фарзанд, ба ӯ набояд раҳм кард. Симои Гурдофарид ҳам як зани далеру ҷасур аст, ки ҳоло бояд занонро дар чунин рӯҳия тарбия кард.»

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш коваёнӣ дирафш.
Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,
Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ.

Ин порчае аз як достони шоҳнома аст, ки онро Муҳаммадато, ҷавони 20 солаи кӯлоби мисли гимн тариқи асбоби мусиқии гитор мехонад. Ӯ мегӯяд, ҳар ҳарфу ҳиҷои «Шоҳнома» мусиқист ва ҳангоми хондан худ ба худ мусиқӣ пайдо мешавад.

«Ин порча аз достони Коваи оҳангар монанди марш аст. Фирдавсии бузург ба тавре хондааст, ки намешавад, оҳанги мардонагиву шуҷоати онро эҳсос накард. Ин беҳтарин порча аст, гимне дар китоби «Шоҳнома» аст. Бо гитор ба назарам хуб садо медиҳад. Ҳамаи достонҳои ин китоби бузург ба худ оҳанг доранд. Оҳанги мардонагиву далерӣ ва дифоъ аз марзу бум.»

Ин ҷавон аъзои маҳфили «Шоҳномахонӣ»-и шаҳри Кӯлоб аст. Маҳфиле, ки дар нахустин озмуни «Шоҳнома"-хонӣ ба пешвози ҷашни Наврӯз» ҷои аввалро соҳиб гашт.

Худойназар Тилавов, ҳунарманд ва аъзои ҳайати ҳакамон аз таваҷҷӯҳ накардани бисёре аз муассисаҳои таълимӣ ба ин озмун шиква кард. Ӯ гуфт: «Хонандагони бисёр мактабҳо дар озмун ширкат накарданд. Мо дидем, ки бисёриҳо то тамом нашудани озмун аз толор баромада рафтанд. Аммо набояд ғамгин шуд, зеро ин оғози кор аст. Мо бояд «Шоҳнома»-ро бояд дуруст ва диққатҷалбкунанда ба мардум пешниҳод кунем, мисле, ки ин ҷавонҳо дар охир бо нақшофарию гитор пешниҳод карданд. Дидед, ки ҳама қарс зад, яъне инҳо пешниҳод карда тавонистанд ва онҳое, ки дар толор боқӣ монда буданд, чизе гирифтанд. Дигарҳо ҳам бояд дилгармона «Шоҳнома»-ро омӯзанд.»

Ҳама сар бар сар, тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.


Ин пораи шеъри анҷомбахши нахустозмуни «Шоҳнома"-хонӣ буд, ки аз ҷониби теъдоди зиёди ҷавонон ба ҳамовозӣ хонда шуд.

Дар ҳамин ҳол шаҳрдории Кӯлоб тасмим гирифтааст, ҳамасола як ҳафта қабл аз Наврӯз озмуни "Шоҳнома"-хонӣ баргузор кунад.




XS
SM
MD
LG