Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умри дубораи "Рустам ва Сӯҳроб"


Аз рост ба чап, дар нақши Рустам -- Бимбулат Ватаев ва дар нақши Сӯҳроб -- Ҳошим Гадоев.
Аз рост ба чап, дар нақши Рустам -- Бимбулат Ватаев ва дар нақши Сӯҳроб -- Ҳошим Гадоев.

Яке аз ду филми тоҷикии бахшида ба қаҳрамони ҳамосии ақвоми эрониасл -- Рустам акнун дар шакли комил ва порчаҳои алоҳида дар шабакаи ҷаҳонии интернет дастраси ҳазорон нафар шудааст.

Филми "Рустам ва Сӯҳроб"-ро алоқамандони интернет метавонанд аз сомонаҳои YouTube, kino-teatr.ru, Vatanweb ва ғайра тамошо кунанд. Саҳнаҳои ҳаяҷоновари филм ва номаи бинандагон, ки ғолибан онро яке аз шоҳкорҳои синамо хондаанд, вазъи синамои тоҷик дар давраи шӯравиро ба ёд меорад. Бархе аз номанависҳо иқрор мекунанд, ки дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон филме дар ин сатҳ рӯи парда наомадааст. Аз он ҷо ки филм аввал ба забони русӣ таҳия гашта, танҳо дар оғози солҳои навадум ба тоҷикӣ дубла шуд, бархе аз сомонаҳои интернетӣ онро моли Русия ва ё Шӯравӣ унвон кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки он бо титри "Тоҷикфилм" оғоз меёбад.

Дар нақши Сӯҳроб -- Ҳошим Гадоев.
Хабари дар сомонаҳои амрикоӣ низ паҳн шудани филми "Рустам ва Сӯҳроб"-ро пеш аз ҳама аз донишҷӯёни Донишкадаи театр ва синамои Ли Страсберги шаҳри Ню Йорк шунидем ва онҳо мегӯянд, бархе аз порчаҳои филми машҳури Бенсион Кимёгаров дар ин донишкада мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифтааст. Устодони донишкада сабки Кимёгаров ва бархе аз саҳнаҳои филмро ба сабки ибтидоии устоди синамои шӯравӣ Сергей Эйзенштейн нисбат медиҳанд.

Филми "Рустам ва Сӯҳроб" дар заминаи достони ҳамноми "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ дар соли 1971 таҳия шудааст. Коргардони саршинос Кимёгаров худи ҳамон сол филми дигареро ба навор бардошта буд, ки "Достони Рустам" ном дошт ва ҳарчанд низ бар пояи достонҳои "Шоҳнома" ба миён омада буд, бештар як хаёломезии озод дар мавзӯъи достони Фирдавсӣ ба шумор мерафт. Вале дар "Рустам ва Сӯҳроб" талоши бештар ба харҷ дода шуд, то сужаи достон ба ҳадди зиёд ҳифз гашта, бархе аз андешаҳои фалсафии Фирдавсӣ дар он бозтоб пайдо кунанд. Дар баҳси хонандагони сомонаи kino-teatr.ru, Елена Нозимова аз Маскав менависад, омодааст, ба ҳар қимате бошад, диски DVD-и филмро харидорӣ кунад. Наргис Раҳмонова аз Душанбе изҳори сипос мекунад, ки филми машҳур дар ин давраи авҷи беэҳтиромӣ ва бегонабадбинӣ дар бинандагон ишқе ба фарҳанги тоҷиконро бедор мекунад.



XS
SM
MD
LG