Дар ин ҷо 10 акси беҳтарини озмун гирдоварӣ шудаанд. Дар гӯшаи поёнии тарафи рост Шумо метавонед, бо интихоби шумораи ситорачаҳо ба ҳар акс баҳои муайян диҳед. Аз ҷамъи ин раъйҳо доварон бо изофа кардани баҳои худ барандагони се ҷои аввали озмунро муайян хоҳанд кард. Раъйи Шумо бисёр муҳим аст, зеро сарнавишти ширкатдорони озмунро ҳал мекунад.
Барои беҳтарин акси озмуни "Ман дар СССР зистаам" раъй диҳед!

1
Tajikistan -- Ба озмуни "Ман дар СССР зистаам" - Сурати хотиравӣ баъди зиёфати идона ба шарафи 64-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Инҳо ҷон рӯи каф хоки муқадааси Ватан ва бисёр кишварҳои Аврупоро аз қадами нопоки фашизми гитлерӣ тоза кардаанд. Бештари дар сурат аксёфтагон тули ин 7 соли сипари бо амри такдир хаётро падруд гуфтанд. Сурат аз Маҳмудҷон ИброҳимовГузошта шуд аз ҷониби Махмудчон Иброхимов

2
Tajikistan -- Дарси таълими меҳнат дар мактаби миёнаи №70. н. Ҳисор, санаи акс 1960-62. - Сардабири мӯҳтарам,
ман қаблан як акс барои озмуни "Ман дар СССР зистаам" фиристода будам, онро дар сомонаи Озодӣ нашр кардед, ташаккур.
Боз 3 акси дигар пайдо кардам ва фикр мекунам, барои дарки солҳои шӯравӣ ҷолиб бошанд.
Унвони аксҳо дар бағали файлҳо навишта шудаанд. 1) Дарси таълими меҳнат дар мактаби миёнаи №70. н. Ҳисор, санаи акс 1960-62. 2) Саҳни берунии ҳамин мактаб дар ҳамон солҳо. 3) Хаткашони деҳаи мо, ноҳияи мазкур, соли 1958.
Ба корҳоятон комёбӣ мехоҳам.
Гузошта ш

3
Tajikistan -- Хотира аз СССР - Барои ширкат дар озмуни "Ман дар СССР зистаам."Гузошта шуд аз ҷониби Дилшод Раҳимов

4
Аксхои хайкали Ленин барои гушаи "Ман дар СССР зистаам" - Хайкали Ленин баъди барканда шуданаш аз маркази нохияи Айни. Дар аввали соли гузашта ин хайкалро барканда буданд.
Гузошта шуд аз ҷониби Абдуазими Абдуваҳҳоб