Ҷаҳон дар аксҳо

1
Венесуэла, 3 декабр - Мухолифони Чавез аз пирӯзӣ дар райъпурсӣ хушҳоланд - Уго Чавез тағйирот дар конститутсияи Венесуэларо ба раъйпурсӣ гузошта буд. Аз нукоти муҳимми ин тағйирот он буд, ки мӯҳлати раёсатҷумҳуриро маҳдудият намегузошт. Ин маънои онро дошт, ки Уго Чавез чанд боре хоҳад, метавонад раисҳумҷур бишавад. Аммо дар раъйпурсии рӯзи 2 декабр мардум ин тағйиротро напазируфт. Бино бар омори расмӣ, 50, 7 дар сади мардум зидди ин тағйирот раъй додаанд.

2
Укроин, 3 декабр - Хоҳари шафқат сари конкани маҷрӯҳро мебандад - Дар кони ангиште дар Донеск, ки ду ҳафтаи қабл ҷони беш аз 100 конканро бурда буд, боз як нохушӣ ба амал омад ва ҳадди ақал чаҳор нафари дигарро кушт

3
Сербия, 3 декабр - Харитаи Косово дар деворе дар Белград - пойтахти Сербия - Марди солхӯрдае аз назди харитаи Косово дар яке аз деворҳои Белград убур дорад. Коршиносон мегӯянд, музокироти миёни Сербия ва Косово дар мавриди ояндаи ин минтақа ба бунбаст гирифтор шудааст

4
Русия, 3 декабр - Пулис иштирокчии роҳпаймоии эътирозиро дар Санкт - Петербург боздошт мекунад - Мухолифин ба нишони эътироз алайҳи интихоботи ахири Дума ба майдон баромадаанд