Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон "моҳӣ гирифт" ва ба ятимон тақсим кард. ВИДЕО


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ҳангоми моҳидорӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, ки бо корҳои аҷибу ғарибаш зуд-зуд дар сархати расонаҳо қарор мегирад, бори аввал дар телевизион бо ниқобу дастпушак пайдо шуд.

Дар телевизиони давлатӣ лаҳзаи моҳидории ӯро дар як рӯдхонаи номаълум намоиш доданд. Сайди моҳӣ ҳамчун як ҳунари дигари президенти Туркманистон тавсиф шуд.

Видеоро инҷо бубинед.

Президенти Туркманистонро ҳангоми моҳидорӣ ва бо ниқобу дастпӯшак намоиш доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

Дар навор дида мешуд, ки ӯ дар соҳил танҳост, вале ниқоби тиббӣ ва дастпушак дорад. Маъмулан, чунин ниқоб ба хотири сироят наёфтан ба коронавирус ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пушида мешавад. Мақомоти Туркманистон мегӯянд, дар ин кишвар касе ба коронавирус сироят наёфтааст.

Лаҳзаи моҳидорӣ дар соҳили руд ӯро машғули рӯзномахонӣ намоиш доданд. Телевизиони давлатӣ рӯзномахонии ӯро чун одати доимиаш таъриф кард. Дар телевизиони давлатӣ гуфтанд, ки шикори Бердимуҳаммадов бобарор буд ва ӯ моҳиёни доштаашро ба ятимхона фиристод. Хурсандии кӯдакон аз “тӯҳфа”-и президент ҷузъе аз ин намоиш буд. Дар намоишнома кӯдакон дар берун ниқоб доштанд, вале даруни бино бениқоб дида мешуданд.

Мадҳу ситоиши раҳбарон дар расонаҳои давлатӣ дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон, ба як амри маъмул табдил ёфтааст. Хурдтарин амали президентҳои дарозумри Осиёи Марказӣ ҳамчун "намунаи нодир" аз тариқи расонаҳои давлатӣ намоиш дода мешавад.

Коршиносон низоми давлатдории Туркманистонро ба низоми давлатдорӣ дар Тоҷикистон шабеҳ медонанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи декбари соли 2006, пас аз марги Сафармурод Ниёзов, машҳур бо лақаби Туркманбошӣ, ба курсии президентӣ дар Туркманистон такя зад. Бердимуҳаммадови 63-сола бо рафтор ва машғулиятҳои худ, аз ҷумла овозхонӣ, машқи низомӣ, мошинсавориву аспдавонӣ ва китобнависӣ шинохта шудааст.

Ӯро барои саркуби дигарандешон ва маҳудияти озодиҳои шаҳрвандон танқид мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG