Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов писари 38-солаашро вазири саноату сохтмон таъин кард


Сардор Бердимуҳаммадов дар паҳлӯи акси падараш
Сардор Бердимуҳаммадов дар паҳлӯи акси падараш

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, кишвари ғанӣ аз гази табии Осиёи Марказӣ, писараш Сардорро вазири саноат ва сохтмон таъин кард. Расонаҳои давлатии Туркманистон рӯзи 8-уми феврал дар ин бора хабар доданд.

Ҷаҳиши Сардори 38-сола дар мансабҳои муҳими давлатӣ як сол пеш шуруъ шуд. Вай соли 2019 волии вилояти Аҳал таъин гардид. Аз он пеш дар мақомҳои муовини волии Аҳал ва ноиби вазири корҳои хориҷӣ кор кардааст. Ҳамзамон дар порлумон соҳиби курсии вакилӣ аст.

Ин вазъият пешбиниҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки президденти худкомаи 62-сола дар Туркманистон писарашро ба ҳайси вориси тахт омода мекунад.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов моҳи декабри соли 2006, пас аз марги президенти худкомаи пешин Сафармурод Ниёзов, зимоми қудрат дар Туркманистонро ба даст гирифт ва то ҳол ба ин кишвари пӯшида камтарин тағйирот ворид кардааст.

Мухолифони ҳукумати Туркманистон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ӯро ҳамвора ба саркӯби дигарандешон танқид мекунанд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, Бердимуҳаммадов ва хешовандону ҳамфикронаш ҳама бахшҳои ҷомеаро зери назорат доранд.

Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ, бо вуҷуди танқидҳои мухолифон, раҳбарон фарзандони худро дар мансабҳои калидӣ гузоштаанд. Дастикам ду фарзанди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомҳои муҳим ҳастанд. Духтараш Озода Раҳмон раиис дасттгоҳи иҷроияи президент ва писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбест.

XS
SM
MD
LG