Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов тавсия дод, ки дар муассисаҳо ҳазориспанд дуд кунанд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.

Дар Туркманистон мавзӯи паҳншавии вируси корона дар саросари ҷаҳон баррасии густурда надорад. Дар яке аз гуфтугӯҳо дар бораи вируси корона президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тавсия дод, ки ҳазориспанд ҳамчун василаи пешгирӣ аз вируси нав истифода шавад.

Баъди ин тавсияи президент дар муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳои Туркманистон маъракаи дуд кардани ҳазориспанд шурӯъ шуд.

"Дар тамоми муассисаҳо дуд мекунанд. Ҳар рӯз ин корро анҷом медиҳанд. Субҳ, рӯзона ё шом, ду маротиба дар рӯз",-гуфт як сокини шаҳри Ишқобод.

Президенти Туркманистон 13-уми март гуфт, ки ба бовари вай, ҳазориспанд давои "чандин дард аст". Ба иттилои расонаҳо, мақомоти Туркманистон борҳо ба сокинон тавсия додаанд, ки барои дармон ёфтанд аз бемориҳои гуногун ҳазориспанд истифода кунанд.

Мақомоти расмии Туркманистон расидани вируси навро ба ин кишвар тасдиқ намекунанд, аммо ҳанӯз 3-юми март расонаҳо хабар дода буданд, ки ҳадди ақал ду сокини кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Туркманистон нуқтаҳои карантин ташкил шуда, шумори афроде, ки ба ин нуқтаҳо фиристода мешавад, ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст.

XS
SM
MD
LG