Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди таъхири чандинмоҳа ҳайати СҶТ ба Туркманистони “бекоронавирус” ворид шуд


Оҷонсии Reuters менависад, баробари ба Туркманистон ворид шудани ҳайати СҶТ, ронандаҳои автобусҳои Ашқобод бо ниқоби тиббӣ дар рӯй сари кор дида шуданд
Оҷонсии Reuters менависад, баробари ба Туркманистон ворид шудани ҳайати СҶТ, ронандаҳои автобусҳои Ашқобод бо ниқоби тиббӣ дар рӯй сари кор дида шуданд

Як ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки муддатҳо пеш мехост вориди Туркманистон шавад, ниҳоят тавонист шоми 6 июл вориди Ашқобод шавад. Туркманистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки мегӯяд дар ин кишвар касе ба коронавирус гирифтор нашудааст.

Кетрин Смолвуд, раҳбари ҳайат гуфт, ки гурӯҳи ӯ бо мақомоти Туркманистон дар амри омодагӣ барои вокуниш дар қиболи COVID-19 ҳамкорӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки ин омодагӣ аз ҳамоҳангиву назорати системаи миллӣ, вазъи эпидемиологиву назорати он, хадамоти лабораторӣ, мудирияти беморон, пешгирӣ аз сироятшавӣ ва назорату хатари муошират иборат хоҳад буд. Ҳайат бояд даҳ рӯзи ояндаро дар Туркманистон сипарӣ кунад. СҶТ давоми ду моҳ дар талоши ин буд, ки ба Туркманистон ворид шуда, иддаоҳои Ашқобод дар заминаи ин ки дар ин кишвар ҳеҷ як ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, таҳқиқ бикунад. Сволвуд дар изҳороташ гуфт, ки мушкили сафари онҳо ба Туркманистон бо маҳдудияти парвоз дар давраи пандемияи коронавирус бастагӣ дошт.

Сволвуд дар изҳороташ гуфт, ки СҶТ ба Туркманистон дар амри бархӯрд бо паёмадҳои дарозмуддати пандемияи коронавирус мусоидат мекунад. Ӯ гуфт, “Туркманстон тавонист як гурӯҳи кории бисёрсохтории муқобила бо COVID-19-ро таъсис диҳад; нақшаи омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19-ро тартиб дод; раҳамои ҷилавгирӣ, ташхис ва табобати COVID-19-ро таҳия намуд. Ҳоло ҳукумат иқдоми муҳиме дар самти тағири сохтории муассисаҳо ва кормандони тибби ҳама сатҳҳоро анҷом медиҳад. Ин кор истифодаи муассисаҳову тамрини кормандони тиб(-ро мутобиқ бо COVID-19) дар бар мегирад”.

Бо ин ки мақомоти Туркманистон расман мегӯянд, ҳеҷ ҳодисаи олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, гузоришҳои зиёд бар пояи иттилои ходимони тиб ва мақомоти беному сокинони маҳаллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар беморхонаҳои маҳаллӣ мардуми зиёд бо нишонаҳои COVID-19 табобат мегиранд.

XS
SM
MD
LG