Дар Ишқобод ва шаҳрҳои дигари Туркманистон варақаҳои зиддиҳукуматӣ бо аксҳои президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва навиштаҳои "Гум шав!" (Güm bol!) ва "Дузд" (Ogry) пайдо шудааст.
Намояндаи гуруҳи ташаббускоре, ки варақаҳоро паҳн мекунад, ба оҷонси Turkmen.news гуфтааст, "косаи сабри мардум лабрез шуд".
Вай афзудааст, дарк мекунанд, ки амалашон хатарнок аст ва дар сурати боздошт ҷазои сахт хоҳанд гирифт, "вале таҳаммули ин режим ва бетараф будан дигар номумкин аст."
Туркманистон яке аз кишварҳои пӯшида дар Осиёи Марказӣ аст. Дар онҷо танҳо расонаҳои давлатӣ кор мекунанд.
Дар шохиси озодии матбуот, ки ҳар сол Гузоришгарони Бидуни Марз нашр мекунад, Туркманистон дар охири рӯйхат ва ҳамагӣ як зина пеш аз Куриёи Шимолӣ аст.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов моҳи декабри соли 2006, пас аз марги президенти худкомаи пешин Сафармурод Ниёзов, зимоми қудратро дар Туркманистон ба даст гирифт ва то ҳол ба ин кишвари пӯшида камтарин тағйирот ворид кардааст.
Мухолифони ҳукумати Туркманистон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ӯро ҳамвора ба саркӯби дигарандешон танқид мекунанд.