Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулов ду корхона ва як меҳмонхонаашро ба "Тоҷпромбонк" дод


Ҷамшед Абдулов.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҷамшед Абдулов – молики ширкати "Олими Каримзод" ва корхонаи нассоҷии "Олим Текстайлз" дар ноҳияи Мастчоҳ – пас аз пардохти қарзаш ба “Тоҷпромбонк” қатъ шудааст. Абдулов моҳи октябри соли гузашта бо иттиҳоми бозпас надодани беш аз 14 миллион доллар қарзаш аз "Тоҷпромбонк" боздошт шуд ва танҳо охири моҳи декабр раҳо гардид.

  • Наздикони Ҷамшед Абдулов мегӯянд, ки феълан ӯ дар озодӣ аст ва дар Тоҷикистон машғули корҳои худ мебошад.

Хабари қатъи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҷамшед Абдуловро маъмурияти махсуси “Тоҷпромбонк” тасдиқ карданд. Як мақоми маъмурияти махсуси "Тоҷпромбонк" бо шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 20-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷамшед Абдуллов дар шакли амвол қарзашро баргардондааст.

Ба қавли манбаъ, “Тоҷпромбонк” бар ивази 14 миллион доллар қарз аз Ҷамшед Абдулов як меҳмонхона дар ноҳияи Мастчоҳ ва ду корхона дар шаҳри Конибодомро гирифтааст.

“Яке аз корхонаҳо истеҳсоли ресмон аст ва замини калон дорад. Ҷамшед Абдулов амволро ба ихтиёри “Тоҷпромбонк” гузошт, аммо баъзе расмиёти он боқӣ мондааст. Баъди гузаштани расмиётӣ давлатӣ биноҳо ба савдо гузошта мешаванд ва аз ҳисоби фурӯши онҳо маблағи амонатгузорон гардонда мешавад”, - афзуд манбаъ.

"Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” - ду бонки дар гузашта дучори мушкил – охири моҳи феврали 2017 баста шуданд.

Мусоҳиби мо гуфт, пас аз супурдани амвол Ҷамшед Абдулов пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва парвандааш ҳудуди ду ҳафта қабл қатъ шудааст. Аммо манбаъ мегӯяд, Ҷамшед Абдулов аз ҳисоби дарсади қарзҳояш дар назди бонк як миқдор қарздор мондааст. Дар “Тоҷропромбонк” нагуфтанд, ки Абдулов аз ҳисоби дарсади вомҳояш чӣ қадари дигар қарздор аст.

Бо гузашти тақрибан ним сол аз оғози парванда, боздошт ва раҳоии Ҷамшед Абдулов то ба ҳол мавқеи ӯ барои матбуот рӯшан нест. Наздикони Абдулов гуфтанд, ӯ дар озодӣ ва дар Тоҷикистон қарор дорад. Яке аз наздикони ӯ рӯзи 20-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “шукри Худо, хуб аст. Тоҷикистон ватани ҳамаи мост ва мо дар хидмати ватан ҳастем.”

"Тоҷпромбонк" амволашро ба фурӯш гузошт

  • Қаблан як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар “Тоҷпромбонк”, ки бо қарори Бонки миллӣ муҷаввизаш бозхонд шуда, ҷараёни барҳамхӯриаш идома дорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Абдулов пас аз шикояти гуруҳи амонатдорони бонк дар назди Давлаталӣ Саид – муовини нахуствазир боздошт шудааст.

Ҷамшед Абдулов молики ширкати “Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии “Олим тестайлз” дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аст.

"Олими Каримзод" яке аз ширкатҳои бузурги содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. То соли 2009 "Олими Каримзод" ширкати фючерсӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо сармоягузории хоҷагиҳои пахтакор машғул буд. Корхонаи нассоҷии "Олим текстайлз" дар Суғд муддатҳои зиёд аз камбуди ашёи хоми нахи пахта бекор монда буд.

Ҷамшед Абдулов, писари Карим Абдулов, профессор, доктори илми таърих ва собиқ раҳбари дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар замони президентии Раҳмон Набиев аст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG