Пайвандҳои дастрасӣ

Ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ. Қарзи бонкҳо бо кӯмаки пулис баргардонда мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон ба ниҳодҳои интизомиву қудратии кишвар, аз ҷумла Додситонии кулл ва Вазорати умури дохилӣ, дастур додааст, ки то охирин дирами бандмондаи бонкҳо дар дасти сокинонро баргардонанд. Бино ба ин дастур ниҳодҳои қудратӣ ҳақ доранд, муштариёни ба истилоҳ "саркаш"-ро ба ҷавобгарӣ кашанд.

  • Худи бонкҳо тавони дар танҳоӣ баргардондани қарзро надоранд. Агар бонкҳо муштариро ба додгоҳ диҳанд, ҷараёни баррасии қазия аз 6 моҳ то 2 сол идома мекунад. Ин муддат барои бонк хеле дароз аст
  • Мақомот мегӯянд, тақрибан 4 миллиард сомонӣ пули бонкҳо дар дасти сокинон дармондааст.

Умеди охирин ба ниҳодҳои қудратӣ?

Як масъули “Агроинвестбонк” рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд омил сабаб шуд, барои баргардонидани пули бонкҳо аз дасти муштариён ниҳодҳои қудратӣ ҷалб шаванд. Аз ҷумла, ба қавли ӯ, ҳаҷми қарзҳои мушкилситони бонкҳо хеле афзудааст ва ҳалномаҳои додгоҳӣ барои баргардондани қарзҳо дар аксар ҳолат саривақт иҷро намешавад.

"Худи бонкҳо тавони дар танҳоӣ баргардондани қарзро надоранд. Агар бонкҳо муштариро ба додгоҳ диҳанд, ҷараёни баррасии қазия аз 6 моҳ то 2 сол идома мекунад. Ин муддат барои бонк хеле дароз аст", - афзуд ӯ.

Ин масъули «Агроинвестбонк мегӯяд, тартиби нави ситондани қарз аз сокинон чунин сурат хоҳад гирифт:

  1. Бонкҳо парвандаи қарзҳои мушкилситонро ба мақомот мефиристанд,
  2. Ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ парвандаро омӯхта, муштариро ба сӯҳбат даъват мекунанд.

"Мепурсанд, ки чаро қарзро пардохт намекунад? Агар мушаххас шавад, ки муштарӣ аз пардохти қарз саркашӣ мекунад ё амволи ба гаравмондаашро намесупорад, ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Ба ин тартиб, дар ҳоли ҳозир асосан парвандаи қарзҳои ҳаҷмашон калон ба ниҳодҳои қудратӣ ирсол хоҳад шуд. Ахиран порлумони Тоҷикистон низ тасмим гирифт, ки салоҳияти милисаҳоро афзуда, онҳоро дар иҷрои қарори додгоҳӣ масъул кунад.

ВКД: "Агар бонк муроҷиат кунад, дахолат мекунем"

Дастури ҳукумати Тоҷикистон барои рӯёндани пули бонкҳо аз муштариён охири моҳи октябри имсол содир шудааст. Дар дастур гуфта мешавад, ниҳодҳои қудратӣ, бо шумули Додситонии кулл, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои баргардондани қарзҳо “бо бонкҳо ҳамкории зичро ба роҳ монанд.”

Маҳдудиятҳои буҷет маҷбур мекунанд, ки дар ин роҳ фишангҳои маъмурӣ истифода шавад

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, ниҳодҳои қудратӣ дар ҳолатҳое дахолат мекунанд, ки агар муштарии бонк қарзро ғайриҳадафмандона истифода бурда, аз супурданаш саркашӣ дорад. Масъулони ВКД ҳарчанд аз ироаи омори боздошти муштариёни бонкҳо худдорӣ карданд, дар ду моҳи ахир вебсайти ин ниҳод аз боздошти ҳадди ақал чаҳор нафар бо иттиҳоми бозпас надодани пули бонк боздошт шудаанд. Аз ҷумла, тибқи иттилои ВКД, як сокини 41-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои саривақт бозпас надодани 60 ҳазор доллари “Тоҷиксодиротбонк” дастир шудааст.

Ҳамчунин, дар як моҳи ахир хабари боздошти чанд соҳибкор бо иттиҳоми саривақт бозпас надодани қарзи бонк расонаӣ шуд. Аз ҷумла, Ҷамшед Абдулов, соҳибкори як замон маъруфи тоҷик барои саривақт барнагардондани пулҳои гирифтааш аз “Тоҷпромбонк” ҳоло дар боздошт ба сар мебарад.

Ҷамшед Абдулло
Ҷамшед Абдулло

Қаблан дар бораи боздошти муштариёни бонкҳо хабар пахш намешуд ва бонкҳо талош мекарданд маблағҳояшонро тариқи додгоҳҳо рӯёнанд.

Рӯйхати одамони қарздор аз бонкҳо зиёд аст, аммо ба далели ҳамакнун оғоз шудани тафтиши аъмолашон онҳо намехоҳанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Ин афрод мегӯянд, бӯҳрони молӣ мушкили онҳоро зиёд кард ва натавонистанд қарзи аз бонк гирифтаашонро саривақт баргардонанд. Аксари ин қарзҳо аз соли 2014 ба ин тараф аст. Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 54 дарсади қарзи додаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” саривақт аз ҷониби аҳолӣ бозпас дода нашуд.

"Зӯрӣ роҳи ҳал нест, вале чора надорем"

Таҳлилгарон мегӯянд, бо зӯр баргардондани қарз аз муштариёни бонкҳо ба ҳеч ваҷҳ роҳи ҳал нест, аммо Тоҷикистон ба ҷуз ин чораи дигаре надорад. Фарҳод Шодиев, таҳлилгари тоҷик, гуфт, ҷалби идораҳои қудратӣ барои баргардондани пули бонкҳо аз мардум ягона интихоби воқеӣ аст. “Маҳдудиятҳои буҷет маҷбур мекунанд, ки дар ин роҳ фишангҳои маъмурӣ истифода шаванд. Мақом ва манзалати бонк дар қонунгузории ҷорӣ дар ҳоли ҳозир имкон намедиҳад, ки бонк бо воситаҳои худ ё суд ин қарзҳоро баргардонад”, - афзуд Фарҳод Шодиев.

Инчунин, бидуни таҳлилҳои дақиқ додани қарз низ ба назари ин коршиноси тоҷик аз омилест, ки омори қарзҳои мушкилситони бонкҳои Тоҷикистонро боло бурда, онҳоро дучори касод кард.

“Ҷабри асосиро боз мардум мебинад”

Дар пайи бӯҳрони соҳаи бонкӣ дар Тоҷикистон, ки се сол боз идома дорад, ду бонк комилан аз фаъолият монда, "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" пардохтпазирии худро аз даст доданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти бонкҳо талошҳое анҷом дод. Аз ҷумла, дар моҳи феврали имсол давлати Тоҷикистон 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" кумаки молӣ кард. Аммо ин кӯмакҳо низ бонкҳои мазкурро аз гирдоби буҳрон берун наовард.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз ҳисоби масъулони бонкҳо мегӯянд, рӯёнидани қарзи бонкҳо аз дасти муштариён феълан роҳи аслии наҷоти бонкҳо хонда мешавад. Бо ин ҳама ҷабри асосии барнагаштани пули қарзи бонкҳоро боз ҳам шаҳрвандони оддӣ мекашанд. Чун садҳо муштарии бонкҳо дар Тоҷикистон ду сол боз наметавонанд маблағҳои пасандози худро бозпас бигиранд ва масъулони бонкҳо низ мегӯянд, танҳо дар сурати бозпас гаштани қарзҳои бонк амонати онҳо баргардонда мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG