Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба вакилону мардум чӣ хоҳад гуфт?


Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо зиёиён дар соли 2017.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо зиёиён дар соли 2017.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22-уми декабр паёми солонаашро ба ҳарду палатаи порлумон - Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон ироа мекунад. Ҷузъиёти паём ҳанӯз маълум нест, вале коршиносон мегӯянд, масоили дохилӣ дар меҳвари паёми раиси ҷумҳур қарор хоҳад дошт.

Яке аз ин коршиносон Дилшод Муллоев, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи сиёсат, фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, мумкин аст, раиси ҷумҳур бештар ба вазъи иқтисодӣ ва мушкилоти бонкҳо таммаркуз кунад.

“Фикр мекунам, бо дарназардошти муфлис шудани бархе аз бонкҳои Тоҷикистон, раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад, ки барои наҷоти бонкҳо дар қонунгузорӣ воридшавии сармояи мустақими бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон иҷоза дода шавад. Зеро бархе аз бонкҳо ҳатто бо дарёфти кӯмакҳои молии давлат натавонистанд, вазъи худро беҳбуд диҳанд. То соли 2020 низоми бонкии Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддӣ рӯй меоварад ва ба ин далел дар паёми навбатии президент иқдомҳои ниҳоӣ матраҳ хоҳанд шуд” – гуфт ӯ, ба Радиои Озодӣ.

Дар чанд соли ахир баъди шурӯи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва таъсири он ба даромади муҳоҷирони корӣ ва пули интиқолии онҳо ба Тоҷикистон, бонкҳо ба мушкили пардохтпазирӣ рӯбарӯ шуданд. Бонкҳои Тоҷикистон дар ду соли охир бахусус ба мушкили норасии пули нақд, асъор рӯ ба рӯ шудаанд. Ду бонк дар ин муддат муфлис шуда, аз байн рафтанд.

Давлат Усмон, вазири собиқи иқтисод мегӯяд, Тоҷикистон бояд сари масъалаи бонкҳо дуруст андеша кунад, вагарна бӯҳрон амиқтар мешавад:

Давлат Усмон, вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон.
Давлат Усмон, вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон.

«Дар соли 2013 бонкҳои Тоҷикистон аз интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик беш аз 4 миллиард доллар пайдо карданд. Аммо дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ин имконият аз даст рафтааст. Таҷрибаи кишварҳои дигар собит мекунанд, ки давлат тавони наҷоти бонкҳои муфлисшудаи худро дорад ва фикр мекунам, дар ниҳоят ҳукумати Тоҷикистон ин мушкилро низ ҳалл хоҳад кард. Ба ин далел фикр мекунам президент Раҳмон дар паёми имсолаи худ паҳлӯҳои мухталифи мушкилоти бонкӣ дар Тоҷикистон матраҳ мекунад” - гуфт, Давлат Усмон.

Масъалаи дигаре, ки ба гуфтаи коршиносон, раиси ҷумҳур матраҳ мекунад, ришвахорӣ ва фасод аст, ки мардумро дар Тоҷикистон ба дод овардааст.

Соли 2017 яке аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа – боздошти гурӯҳи калони кормандони Оҷонсии зиддифасод бо иттиҳоми ришвагирӣ буд. Қазияе, сару садои зиёд кард, вале пушти дарҳои баста баррасӣ шуд, мизони баланди фасодро дар сохторҳои давлатӣ ба намоиш гузошт. Ба бовари коршинос Аҳмадшоҳи Комил, президент бояд дар суханронии худ роҷеъ ба роҳҳои нави мубориза бо фасод ҳарф бизанад:

Бечунучаро, дар паёми навбатии раиси ҷумҳур мавзуи фасод аз масоили меҳварӣ бояд бошад. Чун фасод қариб, ки тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

“Бечунучаро, дар паёми навбатии раиси ҷумҳур мавзуи фасод аз масоили меҳварӣ бояд бошад. Чун фасод қариб, ки тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва ҳатман раиси ҷумҳур ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ хоҳад кард. Соли ҷорӣ дар сатҳи оҷонсии фасод низ мушкилоте рӯ зад ва чандин нафар аз мақомҳои баландпояи он барканор ва ҳатто беш аз 10 нафар боздошт ва равонаи зиндон шудаанд” – мегӯяд, ӯ.

Гурӯҳе дигар аз соҳибназарон мехоҳанд, раиси ҷумҳур дар бораи вазъи соҳибкорӣ ва бахусус вазъи тоҷирони хурду миёна сӯҳбат кунад, ки аз тафтишоту талаботи зиёд ва молиёти вазнин ба танг омадаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон бовар дорад, ки ин мушкилот мавриди таваҷҷӯҳи президент қарор мегирад. Дар гузашта дар як мулоқоташ бо соҳибкорон президент ба соддатар шудани ҷараёни санҷиши кори ширкатҳо ва ҳам озод кардани ширкатҳои нав аз молиёт дар солҳои аввали корашон амр дода буд.

Усмонзода мутмаин аст, ки дар паёми имсолаи раиси ҷумҳур мавзӯи содда кардани муқаррароти дарёфти муҷаввиз барои соҳибкорон, паст кардани мизони андоз ва роҳҳои алтернативии ғанӣ сохтани будҷаи Тоҷикистон матраҳ хоҳад шуд. Вай гуфт, дар паёми президент бояд роҳҳои мушаххаси табдил додани Тоҷикистон аз як кишвари аграрӣ ба кишвари аграриву саноатӣ эълон карда шавад, ки яке аз ҳадафҳои аслии стратегияи рушди Тоҷикистон то соли 2030 мебошад.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон.

Ҷаноби Усмонзода афзуд, бӯҳрони ахир нишон дод, ки вобаста будан танҳо аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба иқтисод осеб мерасонад. «Бояд аз зарфиятҳои дигари Тоҷикистон истифода кард» - гуфт ӯ.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ба саволи ин ки «аз паёми президент чиро интизор доред?», ин мисраи шеърро қироат кард, ки “Дар пеши бедардон чаро фарёди беҳосил кунам?”

Вай гуфт, ҳамасола коршиносону рӯшанфикрон дар матбуот дар остонаи ироаи паёми раиси ҷумҳур назарҳои худро матраҳ мекунанд, вале масоили муҳим, аз ҷумла ҳуқуқи инсон сарфи назар мешавад.

“Дуруст аст, ки мавзӯи риояти ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи Тоҷикистон мавзӯи доғ аст, вале раиси ҷумҳур онро сарфи назар мекунад. Бо назардошти бадтар шудани вазъи риояти озодиҳои бунёдӣ, фикр намекунам, ки раиси ҷумҳур доир ба мавзӯъҳои доғи ҷомеа ҳарфе бигӯяд” - афзуд, ҳомии ҳуқуқи тоҷик.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент, гурӯҳҳои вижа таъсис дода мешаванд, ки нукоти суханронии Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум шарҳ медиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, аммо дар умум авзоъ тағйир намекунад.

XS
SM
MD
LG