Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Ҷанг фитнаи нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ ва дохилӣ буд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз 20-солагии имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт, дар паёме ҷанги дохилиро “таҳмилӣ” ва “фитнаву дасисаи нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ” номид.

Дар паёме, ки шоми 26 июн дар вебсайти президент ба таври хаттӣ ва видеоӣ нашр шуд, президенти Тоҷикистон ҷанги солҳои 1990-умро “воқеаҳои даҳшатбор” унвон кард, ки “бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ” ба вуқӯъ пайваст. Вай гуфт, ҳосили ҷанг - ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар, фирорӣ шудани беш аз як миллион сокин ва фалаҷ шудани иқтисоди кишвар шуд.

Ин паём ба муносибати имзои созишномаи истиқрори сулҳ пахш шуд, ки

Аз чанд соли пеш коршиносон ва ҳам мухолифон аз фаромӯш шудани ҷониби дигари сулҳ интиқод карда мегуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон нақши худро дар рӯйдодҳои 20 соли пеш барҷаста нишон дода, аз нақши мухолифон сарфи назар мекунад.

20 соли пеш, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид миёни ҳукумат ва раҳбарияти Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик баста шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифин – бо раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин рӯйдоди таърихӣ иштирок карданд. Бар асоси ин созиш аъзо ва тарафдорони мухолифин дубора ба Тоҷикистон баргаштанд, мухолифон афв ва бар асоси шарти 30-дарсадаи узвият дар ҳукумат, намояндаҳои оппозитсиюн соҳиби мақому вазифа шуданд.

Аммо рӯзи 26 июн Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз ҳеҷ гурӯҳи дигари ширкатдори созиши сулҳ ном набурд ва нагуфт, ки ҷониби дигари сулҳ дар рӯйдодҳои 20 сол пеш чӣ нирӯ ё афроде будаанд. Танҳо ишора кард, ки маҳз талоши “фарзандони асил” кишварро аз “гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ” берун кардааст. Президент гуфт, хости мардум ва талошҳояшон боиси барқарор шудани сулҳ дар Тоҷикистон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифинро “таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ” унвон кард.

Ин дар ҳолест, ки аз чанд сол пеш коршиносон ва ҳам мухолифон аз фаромӯш шудани ҷониби дигари сулҳ интиқод карда мегуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон нақши худро дар рӯйдодҳои 20 соли пеш барҷаста нишон дода, аз нақши мухолифон сарфи назар мекунад. Вале баъди “террористӣ” ва “мамнӯъ” эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон дар ду соли пеш, дигар аз нақш ва мақоми ин нирӯ дар созиши сулҳ ёд намешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти ошӯби мусаллаҳона ва нокоми сентябри соли 2015-ро ба дӯши ҲНИТ ва муовини вазири вақти мудофеа Абдуҳалим Назарзода вогузор кард. Назарзода яке аз охирин намояндаҳои мухолифин буд, ки дар паи саҳмияи 30-дарсада вориди ҳукумати Тоҷикистон шуда, то тирамоҳи соли 2015 дар мақоми муҳими интизомӣ кор кард. Раҳбарияти ҲНИТ ҳеҷ гоҳ иттиҳомоти ҳукуматро қабул надошт ва ин ҳамаро тӯҳмат ба хотири бастани ҳизб дар ҳудуди Тоҷикистон номидааст.

Дар паёми идонааш ба мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як маврид “фаъолияти созмону гурӯҳои иртиҷоиро” хатар дониста, гуфтааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолият ва таҳдиди онҳо “чораҳои муассир” андешида мешавад.

Мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар солҳои охир дар стратегияи сиёсии кишвар нақши таъмини амният ва мубориза бо ифротгароии динӣ боло гирифт ва озодиҳои сиёсӣ маҳдуд шуд.

Таҷлили 20-солагии имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон рӯзи 27 июн дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG