Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксодиротбонк" 5 дарсади саҳмияҳошро дубора аз ҳукумат харид


"Тоҷиксодиротбонк" панҷ дарсади саҳмияҳояшро дубора аз ҳукумат харидааст. Масъулони бонк гуфтанд, ки ин кор бо қарори саҳмдорон сурат гирифт.

Дар пайи буҳрони бонкҳо "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" беш аз 2 миллиард сомонӣ ҷудо кард ва дар иваз 85 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёри худ гирифт. Як мақоми "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи 20-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "бонк бо пардохти тақрибан 113 миллион сомонӣ панҷ дарсади саҳмияҳои худро дубора аз ҳукумат гирифт."

Манбаъ гуфт, баъд аз харидории панҷ дарсади саҳмияҳо феълан саҳми давлат дар "Тоҷиксодиротбонк" ба 80 фоиз поин омадааст. "Дар ҷаласаи саҳомони бонк, ки рӯзи 17-уми март баргузор шуд, қарор аст, саҳмияҳои боқимонда давоми чаҳор соли оянда аз давлат харида мешавад. Ҳоло "Тоҷиксодиротбонк" бо шарикони хориҷии худ вориди гуфтугӯ аст ва дар назар аст, саҳмияҳои бонк ба ниҳодҳои молии хориҷӣ фурӯхта шавад", - афзуд манбаъ.

Ҳамсуҳбати мо дар "Тоҷиксодиротбонк" мегӯяд, ин ниҳоди молӣ дар соли гузашта фаъолияти худро бо фоида ҷамъбаст кардааст. Тибқи ҳисоби ин масъули бонк, "Тоҷиксодиротбонк" дар соли 2017 наздики 60 миллион сомонӣ фоида ба даст овардааст.

Дар ҷаласаи саҳомони "Тоҷиксодиротбонк", қарор шудааст, ки бояд то соли 2022 ин бонки ба қавли мақомот "низомсоз" аз буҳрон наҷот ёфта, ба ҳолати аввал баргардонда шавад. Қарор шудааст, имсол бонк ба додани қарзҳои хурд ва интиқоли пул шуруъ кунад.

Масъулони "Тоҷиксодиротбонк" дороиҳои бонкро ба 4 миллиарду 311 миллион сомонӣ баробар медонанд. “Тоҷиксодиротбонк” охири соли 2015 ба мушкил печид ва натавонист саривақт пули муштариёнашро дастрас кунад. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норозиятҳо аз бонк сабаб гардид. Дар пайи он мақомоти Бонки Миллӣ барои ҳалли бӯҳрони “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққат таъин кард ва танҳо баъд аз шаш моҳи он дубора Тоҷиддин Пирзодаро ба раҳбарии ин бонк гузошт.

Тоҷиддин Пирзода
Тоҷиддин Пирзода

Ҳукумати Тоҷикистон низ дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли гузашта, барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар маҷмуъ беш аз 3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ кард.

Бо вуҷуди инки мақомоти бонк мегӯянд, вазъи молиашон беҳтар шудааст, бархе аз муштариён ҳанӯз аз камбуди пул дар бонк шикоят доранд.

Дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG