Пайвандҳои дастрасӣ

ADB: "Шиносбозӣ" як сабаби буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон шудааст


Бинои асосии "Агроинвестбонк". Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Бонки Осиёии Рушд “ошнобозӣ” ё “шиносбозиро” яке аз сабабҳои афзоиши “кредитҳои заҳрогин” донистааст, ки боис ба сар задани буҳрон дар бонкҳои Тоҷикистон шуд.

Омили шиносбозӣ ҳангоми ҷудо кардани қарз ​

Ибораи “Кредитҳои заҳрогин”-ро иқтисоддонҳо нисбат ба он қарзҳои бонкӣ истифода мекунанд, ки аз сӯи қарзгирандагон сари вақт пардохта намешаванд.

"​Кредитҳои заҳрогин бештар ба ду бонки бузург "Агроинвестонк" ва "Тоҷиксодиртбонк" сироят карда, боиси сар задани мушкилоти молиявӣ дар ин ду бонк гашт ва ҳамакнун садҳо амонатгузор пули худро бозпас гирифта наметавонанд." Ин нукта дар як гузориши ҷамъбастии Бонки Осиёии Рушд, ки вазъи иқтисоди кившарҳои қораи Осиёро дар соли гузашта таҳлил кард, зикр шудааст. Муаллифони гузориш навиштаанд, афзоиши кредитҳои заҳрогин дар бонкҳо чанд сабаб дорад, аз ҷумла "омили шиносбозӣ ҳангоми ҷудо кардани қарз ба ширкатҳо ва шахсони алоҳида".

"Кредитҳои заҳрогин" чист?

Бинобар ин, иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои аз байн бурдани ин падида дар бонкҳо чораҳои пешгирикунандаи шиносбозиро роҳандозӣ кунанд.

  • Ибораи “Кредитҳои заҳрогин”-ро иқтисоддонҳо нисбат ба он қарзҳои бонкӣ истифода мекунанд, ки аз сӯи қарзгирандагон сари вақт пардохта намешаванд. Қарзҳои пардохтношуда умури бонкро сироят карда, мувозинати молиявии бонкро ба ҳам мезанад.

Айни чунин ҳолат дар ду соли охир дар чанде аз бонкҳои Тоҷикистон рух дод. Дар авҷи буҳрони бонкӣ, ки бо навбатпоии тӯлонии одамон дар назди идораҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ҳамроҳ буд, тақрибан нисфе аз қарзҳои бонкҳои Тоҷикистон аз “кредитҳои заҳрогин” иборат буданд. Ба ибораи дигар қарзгирандагон беш аз 4 миллиарду 100 миллион сомониро дар муҳлаташ ба бонкҳо бозпас надоданд.

"Мегуфтанд, ки як илоҷ карда, қарз гирифта деҳ"

Исмоил Мухторов, мутахассиси соҳаи молия, ки дар ду ташкилоти қарзӣ ба ҳайси эскперт кор кардааст, гуфт, дар тӯли фаъолият даҳҳо ёру дӯстонаш барои қарз гирифтан аз ӯ кумак мехостанд, ҳарчанд имконияти бозгардонидани қарзро надоштанд.

Раҳбарияти бонкҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат. 18-уми январи 2018. Акс аз вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Раҳбарияти бонкҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат. 18-уми январи 2018. Акс аз вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Ӯ мегӯяд, “чанд нафар аз дӯстон меомаданд, ки фаврӣ ба пул ниёз доранд. Хоҳиш мекарданд, ки барои гирифтани қарз аз ташкилот ёрӣ кунам. Мефаҳмонам, ки қарз гирифтан як тараф, аммо оё онро баргардонда метавонӣ? Барои гарав мондан чизе дорӣ? Дар ҷавоб мегуфтанд, ки ту як илоҷ карда ба мо қарз гирифта деҳ, мо-ку бегона нестем, пулро бармегардонем. Ҳарчанд мефаҳмондам, ки ин қарз дарди сарат мешавад, бисёриҳо намефаҳмиданд ва аз ман хафа шуда мерафтанд”, - иброз дошт ин ҳамсуҳбати мо.

Шинос - ҳатто барои гирифтани шиноснома

Исмоил Мухторов бо чунин дархостҳои дӯстонаш дар Тоҷикистон танҳо нест. Дар ҷомеаи Тоҷикистон одамон калиди ҳалли одитарин масъаларо дар доштани “шинос” ва ё “ошно” дар ин ё он идора мебинанд. Ҳатто ҳангоми дастрасӣ ба одитарин хидматрасониҳои давлатӣ, ба мисли гирифтани шиноснома, рақами қайди давлатии мошин ва ё як маълумотнома аз як идора корафтодагон нахуст аз ҷустуҷӯи шинос корро оғоз мекунанд. Ҳарчанд тартиби расонидани ин гуна хадамоти давлатӣ аз қабл муайян шудааст ва бо пардохти боҷи давлатӣ ҳар шаҳрванд бидуни “шинос”-ҳо ҳам аз ин ҳақ бархӯрдоранд.

Маҳмуд Кабирӣ
Маҳмуд Кабирӣ

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, падидаи ҳал кардани ин ё он масъала бо ёрии дӯстон танҳо хоси Тоҷикистон нест, ҳарчанд дар муқоиса назар ба дигар кишварҳо бештар ба назар мерасад. Ӯ мегӯяд, “масалан, дар кишварҳои ғарбӣ индивидуализм роиҷ аст, яъне одамон бештар мекӯшанд мустақилона масъалаҳои худро ҳал кунанд. Аммо дар мо робитаҳои иҷтимоӣ хеле зичтар ҳастанд ва беҳуда дар мо масъалаи “аввал хеш, баъд дарвеш” ва мисли ин роиҷ нестанд”.

Парвандаи 300 корманди бонк

Аммо ҳосили “ошнобозӣ” ва тақсими қарзҳои бонкӣ ба одамони худӣ натиҷаҳои талхеро ба бор овард. Ду бонк – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон шуданд ва мушкили ду бонки бузурги дигар – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» то ба ҳол пурра ҳал нашудаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Дар амри ҳалли мушкили молиявии ин бонкҳо ва бозгардони қарзҳои бонкҳо аз қарзгирони ба истилоҳ “шинос” ва “одамони худӣ” ҳамакнун муфатишони Прокуратураи генералӣ даст ба кор шудаанд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири худ гуфт, соли гузашта алайҳи беш аз 300 корманди бонкҳо дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Ин кормандон бо сӯистифода аз мақом, дуздии пулҳои бонк аз ҷумла, тасарруфи амонатҳои мардум айбдор дониста мешаванд. Парвандаи ин нафарон анҷом шуда, ба додгоҳ фиристода шудааст. Барои тафиши ин падида дар бонкҳо мо як гуруҳи тафтишотӣ таъсис додем. Дар натиҷа тавонистем то 1 миллиарду 350 миллион сомонӣ маблағ, амвол ва дороиҳоро ба бонкҳо баргардонем, то ки мардум амонатҳои худро бозпас гирифта тавонанд", - хулоса кард додситони кулл.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG