Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзҳои боимтиёзи Фонди соҳибкории Тоҷикистон куҷо шуд?


Акс аз бойгонӣ. Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ. 14-уми октябри 2017

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз даҳ соҳибкор ва ширкате, ки имсол бо ваъдаи бунёди корхона ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ қарзи боимтиёз гирифта буданд, се нафар "пулҳоро ғайриҳадафмандона сарф кардаанд". Дар як муҳокимаи порлумонӣ, ки рӯзи 23-юми ноябр сурат гирифт, Абдусалом Қурбониён – вазири молияи Тоҷикистон – гуфт, 60 дарсад аз қарзҳои додаи Фонд ба соҳибкорон саривақт бозпас нагаштааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи вазири молия, қарзҳои ин фонд боимтиёз буда, баҳраи солонаашон ба 12 дарсад баробар аст.

Дар сурати саривақт барнагардондани маблағ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунем. Зеро ҳама маблағҳои Фонд аз ҳисоби буҷети давлат аст.

Дар идома вазир гуфтааст, ба масъулон дастур додаанд, ки мувофиқи мақсад истифода шудани ҳамаи қарзҳои қаблан додашударо санҷида, гузориш бидиҳанд.

Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳар сол ба соҳибкорон ва ширкатҳое, ки бо тарҳҳои мушаххас муроҷиат мекунанд, қарзҳои боимтиёз медиҳад. Ин фонд ҳар сол аз 100 то 120 миллион сомонӣ ба ширкат ва ё соҳибкороне, ки нияти сохтмони корхонаро доранд, қарз медиҳад. Қарзгирандагон ба навбати худ вазифадоранд, ки дар муддати 2 сол қарзро бо фоизҳояш баргардонда, маблағро мувофиқи мақсад, яъне барои бунёди корхона харҷ кунанд.

Абдусалом Қурбониён
Абдусалом Қурбониён

Саъдӣ Шодмонов, як масъули Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 25-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар қарзе, ки аз фонд ҷудо мешавад, мақсади мушаххаси худро дорад.

Ӯ афзуд, "вақте ҳолати ғайри мақсад сарф шудани ин маблағ ошкор мешавад, аз қарзгиранда талаб мекунем, пулро қабл аз муҳлат баргардонад. Мо барои ин муҳлат медиҳем. Дар сурати саривақт бозпас надодани маблағ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунем, то нисбат ба ин шахс чора андешанд. Чунки ҳама маблағҳои Фонд аз буҷети давлат аст."

Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дар шароите амал мекунад, ки мизони баҳраи қарзҳои бонкӣ дар кишвар хеле болост. Соҳибкорон дар пайдо кардани маблағҳои қарзӣ бо фоизҳои дастрас ба мушкил дучор мешаванд.

Сулаймон Сафоев, соҳибкори тоҷик дар вилояти Хатлон, яке аз онҳост. Ӯ барои ривоҷи кораш, ки парвариши сабзиҷот дар гармхонаҳост, талош дорад, маблағ пайдо кунад. Аммо ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фоизи қарзҳои бонк то ҳадде баланд аст, ки ӯ барои қарзгирӣ ҷуръат намекунад.

"Бо ин фоизе, ки бонкҳо пешниҳод карданд, кор карда намешавад. Фоидае, ки ба даст меояд, ба ҳамон фоизи бонк меравад. Барои ҳамин, барои гирифтани қарз ба Фонди дастгирии соҳибкорӣ муроҷиат кардем ва интизорем, ки ба мо қарз бидиҳанд", - афзуд ӯ.

Мавзӯи гарон будани фоизи қарзҳо тақрибан як моҳ қабл дар Маҷлиси Намояндагон ҳам мояи баҳси гарми раиси Бонки Миллӣ ва вакилон шуд. Дар тавсифи фоизи қарзҳои бонкҳои кишвар вакил Саидҷаъфар Усмонов, раиси ҳизби демократ гуфт, қарзи бонкҳои Тоҷикистон бо чунин фоизҳо танҳо “барои наркоборонҳои Мексика” мувофиқ меояд.

"Ҳадаф ҷарима не, риояи тартибот аст"

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Айни замон баҳраи қарзҳои истеъмолӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 36 – 38 дарсад аст.

Барои то ҳадде осон крадани мушкили соҳибкорон дар Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд ба давлат тавсия дод, ки як фонди молиявие таъсис бидиҳад, то тавассути он соҳибкорон ба қарзҳои боимтиёз дастрасӣ пайдо кунанд. Ба ин манзур, ҳукумат соли 2014 Фонди дастгирии соҳибкориро таъсис дод. Имсол аз буҷети кишвар ба ин фонд 203 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

То ба ҳол 125 ширкату соҳибкор аз ин фонд беш аз 110 миллион сомонӣ қарз гирифтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG