Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палатаи ҳисоб "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро тафтиш мекунад. САДО


Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба тафтиши “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – ду бонки дучори мушкил – шурӯъ кардааст.

Мисол, навиштаанд, ки муштарӣ 8-10 гов ва фалон миқдор гӯсфанд ё ин қадар амвол дорад. Дар асл ин чиз нест ва ё ба дигар кас тааллуқ дорад.

Як мақоми Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "санҷиш аз нимаи дувуми моҳи феврал идома дорад". Дар ин кор ба муфаттишони Палатаи ҳисоб маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ ҳамроҳ шудаанд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ин санҷиш бояд муайян кунад, ки чаро сокинон қарзи гирифтаи худро дар вақташ ба бонкҳо барнагардонданд? "Пас аз онки давлат ба бонкҳои дучори мушкил пул ҷудо кард, ҳама умед доштанд, масъала ҳал мешавад. Аммо ин кор нашуд. Ҳоло дубора ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби буҷет ба бонкҳои дучори мушкил маъно надорад. Бояд бо ҳар роҳе қарзи соикнон баргардонда шавад", - гуфт ӯ.

Қарзҳоро дар вақташ барнагардонданд: Айби сокинон ё бонкҳо?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим

Ин мақоми Палатаи ҳисоб афзуд, натиҷаҳои аввалияи санҷиш маълум кардааст, ки барои саривақт насупурдани қарзи сокинон баъзе экспертҳои қарзӣ низ гунаҳкоранд. Ба ин хотир коршиносони қарзии “Агроинвестбонк” муваззаф шудаанд, ки қарзҳои додаашонро ҳарчи зудтар пайдо карда, ба бонк супоранд.

  • Коршиноси қарзӣ он масъули бонк аст, ки дар бахши қарзӣ фаъолият карда, танҳо баъд аз хулосаи мусбати ӯ ба муштарӣ вом дода мешавад. Коршиносони қарзӣ масъули саривақт баргардондани фоиз ва маблағи қарз мебошанд. Коршиносони қарзӣ пеш аз додани қарз ба муштарии бонк амволи ӯ ва ҳамчунин қудрати бозпас додани маблағро бисанҷанд. Қоидае, ки ба қавли муфаттишони Палатаи ҳисоб, на ҳамаи коршиносони қарзӣ ба он риоя карданд.

Чар пули муштарӣ ба хазинаи бонк нарафт?

Фирдавс Наврӯзов, як коршиноси қарзӣ аз вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиш ҳолатҳои зиёдро ошкор кард, ки масъулини бонкҳо ба камбуд роҳ додаанд.

Аз ҷумла, ба қавли ӯ, "чанд муштарӣ ба номи коршиносони қарзии худ аз Русия пул фиристодаанд ва коршиносон маблағро гирифта, ба бонк надодаанд. Ба муштарӣ гуфтаанд, ки қарзи ӯ супорида шудааст ва дигар аз бонк қарздор нест. Дар асл қарз ба номи онҳо боқӣ мондааст."

Наврӯзов мегӯяд, феълан ҳадаф ифтиоҳи парвандаи ҷиноӣ ва ҳабси кормандони бонк нест, чун дар ин ҳолат барои бонк ҳеч фоида намерасад. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, мақсади аслӣ баргардондани қарзҳо ба хазина аст. Ба ин хотир ба коршиносони қарзӣ муҳлат дода шудааст.

Мӯҳсин Норов, масъули яке аз бонкҳои тиҷоратӣ бовар дорад, ки дар чанд бонки кишвар маҳз омили фасод ва шиносбозӣ чашми коршиносони қарзиро ба қавле "кӯр" кард ва онҳо вазифаи аслии худро иҷро накарданд. Ин корманди собиқадори бонк гуфт, зиёд дидааст, ки коршиносони қарзӣ амволи муштариро дидаву дониста зиёд менавиштанд.

"Мисол, навиштаанд, ки муштарӣ 8-10 гов ва фалон миқдор гӯсфанд ё ин қадар амвол дорад. Дар асл ин чиз нест ва ё ба дигар кас тааллуқ дорад. Маҳз ҳамин нозукиҳо аст, ки оқибат худи масъули бонкро ба “муҳра” меафтонад", - таъкид кард Муҳсин Норов.

"Кадрҳои ҳирфаӣ ва содиқро бигиранд"

Таҳлилгарони умури бонкӣ мегӯянд, мушкили аслие, ки ҳаҷми қарзҳои мушкилситони бонкҳоро боло бурд, бепарвоӣ буд. Коршинос Меҳрубон Бурҳонов гуфт, “маҳз хунукназарӣ ва аз ӯҳдаи кор набаромадани коршиносони қарзӣ сабаб шуд, ки маблағи бонкҳо саривақт ба хазина барнагардад.”

Меҳрубон Бурҳонов
Меҳрубон Бурҳонов

Аммо Меҳрубон Бурҳонов мегӯяд, дар амри саривақт бознагаштани қарзи бонкҳо танҳо коршиносони қарзӣ гунаҳкор нестанд ва афроде ҳам дар сатҳи роҳбарони филиалҳо дар додани қарзҳо манфиатдоранд. "Ин кор барои бонкҳои мо бояд як дарси ибрат бошад. Натиҷаи чунин хунукназарии коршиносони қарзӣ ва роҳбарони филилалҳо буд, ки ду бонки низомсоз ба муфлисӣ дучор гаштанд. Ҳангоме ки кадрҳои баландихтисос ва содиқ сари кор оянд, ҳеҷ гоҳ чунин ҳолат рух нахоҳад дод", - афзуд ӯ.

Ду моҳ муҳлат

Палатаи ҳисоб дар ҳоле ба тафтиши "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" шурӯъ кардааст, ки моҳи январ ҳукумати Тоҷикистон ба ин ду муассисаи молӣ ду моҳ мӯҳлат дода буд, то масъаларо ҳал кунанд. Қабл аз он ҳукумат барои наҷоти ин ду бонк аз буҷети давлат беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо карда буд.

Бинобар иттилои Бонки миллӣ, 87 дарсад саҳмияҳои "Агроинвестбонк" ва 85 дарсад саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар дасти давлат аст. "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" аз миёнаи соли 2016 ба ин сӯ пардохтпазириашонро ба тадриҷ аз даст доданд. Нахуст хазинаи банкоматҳо баъдан хазинаи филиалу идораи марказии ин ду бонк бепул монданд ва муштариён маблағи пасандоз ва ҳатто маоши худро гирифта натавонистанд.

XS
SM
MD
LG