Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати "табибони" хориҷӣ барои муолиҷаи бонкҳои Тоҷикистон


Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Бонки Миллии Тоҷикистон.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ислоҳоти соҳаи бонкдорӣ аз созмонҳои байналмиллалӣ дархости кӯмак кардааст ва мехоҳад барои ин кор мушовирони хориҷиро ҷалб кунад.

Дар ин бора дар дидори Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси бонк бо ҳайъатҳои созмонҳои байналмиллалии молӣ сухан рафтааст. Дар ин дидор дар ҳафтаи гузашта, аз ҷумла намояндаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмиллали пул, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ва чанд ниҳоди молии байналмиллалии дигар ширкат доштанд.

Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи Бонки миллӣ рӯзи 11 ноябр дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба сабаби мушкилоти арсаи бонкдории Тоҷикистон дар ду соли ахир раҳбарияти бонк мехоҳад, барои ҳалли мушкилот мушовирони хориҷиро даъват кунад.

“Дар Бонки миллӣ як раёсате дар робита ба ин наҳваи кор фаъолият мекунад. Аммо мо ба машваратчиҳое ниёз дорем, ки таҷрибаи иҷрои чунин ҳадаф дар кишварҳои хориҷиро доранд. Мо пешниҳод кардем, ки мутахассисони тоҷик аз коршиносони ботаҷрибаи хориҷӣ ҳам омӯзиш бигиранд”- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода, раиси собиқи Бонки миллӣ ва ҳоло раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагон дар шаҳри тасмими Бонки миллӣ гуфт, бад нест, агар барои ҳалли мушкилоти мавҷуд, таҷрибаи хориҷиёнро ҳам ба кор баранд.

“Дар шароити бӯҳронӣ кишварҳое, ки иқтисоди қавӣ доранд, мисли Қазоқистону Озарбойҷон дар баробари Тоҷикистон зарар бардоштанд. Зарур аст, ки Бонки миллӣ наҳваи фаъолияти худро бозбинӣ кунад. Албатта, мо коршиносони худиро ҳам дорем, вале ҷалби коршиносони таҷрибадори хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар ин самт ба иштибоҳ роҳ надиҳем.”

Хориҷиҳо хубанд, дохилиҳо ҳам бад нестанд

Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демкорати Тоҷикистон ва вакили порлумони кишвар аз тасмими БМТ барои ҷалби машваратчиҳои хориҷӣ истиқбол кард ва гуфт, айни замон набояд мутахассисони тоҷикро ҳам сарфи назар кард.

Вай афзуд: Ҷалби мушовирони хориҷӣ ба Бонки миллӣ беҳтарин тасмим дар шароити бӯҳронии низоми бонкдорӣ дар Тоҷикистон аст. Зеро, иқтисоди Тоҷикистон ба низоми бонкӣ сахт алоқаманд аст ва дар кори онҳо бояд нафароне бошанд, ки бо фаъолияти бонкии кишварҳои хориҷӣ ошноӣ дошта бошанд. Мушовирони хориҷӣ заруранд, вале набояд мутахассисони худиро низ фаромӯш кард.

Дар гузашта бархе аз муассисаҳо ва бонкҳову ширкатҳо мутахассисони хориҷиро барои пешбурди кори худ ҷалб карданд. Аз ҷумла, “Ориёнбонк” ин корро кард ва то ҳол вазифаи мудири кулли ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”-ро шаҳрванди хориҷӣ ба ӯҳда дорад.

Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ҷалби мушовирони хориҷӣ мушкили низоми бонкдорӣ дар кишварро наметавон ҳалл кард.

“Бонки миллӣ ниҳоди танзимкунанда дар арсаи бонкдорӣ мебошад. Мушкил дар худи бонкҳост, ки бо фоизи ҳангуфте қарзҳоро медиҳанд. Ин фоизҳои бонкҳои Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин мебошанд. Ба ин далел, мушовирони хориҷӣ бояд на ба Бонки миллӣ, балкӣ ба куллияи бонкҳои кишвар ҷалб карда шаванд. “

Бонкҳои захмӣ, ки ҳанӯз шифо наёфтаанд

Бонкҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар пардохти пули муштариён мушкилӣ доранд.
Бонкҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар пардохти пули муштариён мушкилӣ доранд.

Тасмими ҷалби мушовирони хориҷӣ аз сӯи БМТ дар ҳолест, ки дар ду соли ахир низоми бонкдории Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд гирифтор аст. “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – ду бонки бузурги Тоҷикистон аз ҷумлаи бонкҳое ҳастанд, ки дучори мушкили ҷиддии пардохтпазирӣ шуданд.

Ду бонки дигар «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон шуданд, вале “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо ёрии давлат тавонистанд, корашонро идома бидиҳанд.

Давлати Тоҷикистон 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" кумак кард. Аммо баъди кумакҳои давлат низ вазъи ин бонкҳо мӯътадил нашудааст ва онҳо ҳанӯз ҳам дар пардохти пули амонатгузорон мушкил доранд.

Дар Тоҷикистон феълан 16 бонки тиҷоратӣ амал мекунад, ки аз ин шумор сетоаш намояндагии бонкҳои хориҷӣ - Покистон, Эрон ва Қазоқистон ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG