Пайвандҳои дастрасӣ

“Агроинвестбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, ки раҳбариашро Муродалӣ Алимардон бар уҳда дорад, тақрибан ду ҳазор корманди худро ҷавоб додааст. Манобеи бонк гуфтанд, ки ин тасмим бар асоси тавсияи саҳҳомон, мисли Бонки миллӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд гирифта шуд. БАРТ 12 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк”-ро дар даст дорад. Ин кормандон се моҳ пеш ҳушдор гирифта будаанд.​

“Кор нест? Маош надеҳ”

Ҳоло дар намояндагии бонк танҳо як ронанда, хазинадор ва коршиносони қарзӣ мондаанд

Як мақоми “Агроинвестбонк” рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ваъда кардааст, ки бо амал кардан бар асоси тавсияи коршиносони онҳо вазъи молии бонк хубтар хоҳад шуд.

“Масалан, ба мо гуфтанд, ки ҳоло депозит кабул намекунед, қарз намедиҳед, низоми интиқоли пул ҳам дуруст кор намекунад, пас, мутахассисони ин соҳа чаро бекор нишаста, маош бигиранд? Раҳбарияти бонк то кунун фактори иҷтимоиро ба назар мегирифт ва кормандонро нигоҳ медошт. Ин қадар мутахассисро омода кардан ҳам кори осон нест, аммо ба хотири беҳбуди вазъ бояд ба тавсияҳо гӯш дод”, - афзуд мусоҳиби мо.

Бинои марказии "Агроинвестбонк"
Бинои марказии "Агроинвестбонк"

Ин масъули “Агроинвестбонк” гуфт, вазъи бонк феълан рӯ ба беҳбуд ниҳодааст ва умеди сармоягузорӣ низ бештар шудааст. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, дар ду моҳи ахир ба манзури ҷалби сармоя Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк” ба чанд кишвари хориҷӣ низ рафта, мулоқоти муҳиме анҷом додааст.

“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – ду бонки бузурги Тоҷикистон тайи ду соли ахир гирифтори мушкил ҳастанд. Дар пайи чунин мушкилот «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон шуданд, вале “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо ёрии давлат тавонистанд аз ин буҳрон то ҳадде наҷот ёфтанд. Давлати Тоҷикистон 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" кумак кард.

“Аз 80 нафар 10 корманд монд”

Моҳсафар Яҳёзода, сухангӯи собиқи бонки “Агроинвестбонк” рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ ихтисор шудани теъдоди бузурги кормандони бонкро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ ҳам аз ҷумлаи онҳое, буд, ки дар пайи ин тағйирот аз кор озод шуд.

Ӯ гуфт: “Маркази матбуоти барҳам хӯрд ва моро ҷавоб доданд. Мо аз моҳи сентябр дигар сари кор нестем. Худо кунад, ки вазъи бонк хуб шавад. Агар вазъ хуб шавад, ваъда карданд, ки кормандонро боз даъват мекунанд. Бинобар мушкили пардохтпазирӣ бонк имкони нигоҳ доштани кормандонро надошт. Мо аз касе хафа нестем ва вазъияти бонкро хуб мефаҳмем. Дар ин шароит бонк кори дуруст кард. Ҳоло танҳо шӯъбаҳои муҳим боқӣ мондааст”

Кормандони ин бонк дар маҳалҳо ҳам мегӯянд, акнун утоқҳои корӣ тақрибан холӣ шудааст.

Як корманди “Агроинвестбонк” дар минтақаи Кӯлоб, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, аз 80 корманди намояндагии “Агроинвестбонк” дар ин минтақа танҳо 10 нафар боқӣ монд. “Як соли ахир маош ҳам поин шуда буд ва кор фақат дар ба дари қарздорҳо гаштан буд. Ҳоло танҳо як ронанда, хазинадор ва коршиносони қарзӣ мондаанд, ки бояд пули бонкро аз қарздорон ҷамъ кунанд”, - шарҳ дод ин ҳамсӯҳбати мо.

То чанд соли пеш бонкҳои Тоҷикистон ҷойи кори “хуб” ба ҳисоб мерафтанд ва садҳо нафар аз кор дар бонкҳо зиндагии худро пеш мебурданд. Аммо дар пайи бӯҳрони ду соли охир бонкҳо теъдоди зиёди кормандонашонро ихтисор карданд ва сафи бекорон дар кишварро афзоиш доданд.

Мақомоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта 24 ҳазор нафар корманд дар Тоҷикистон аз ҷойи кори худ ихтисор шудаанд, ки нисбат ба як соли пеш 10 ҳазор нафар бештар будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG