Пайвандҳои дастрасӣ

“Пул тамом шуд”. Пасандози муштариёни “Агроинвестбонк”-ро кай медиҳанд?


Дафтари марказии "Агроинвестбонк" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Намояндагии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар вилояти Суғд баргардондани пули амонатгузорони худро ба камияш то моҳи ноябри имсол қатъ кардаанд. Мақомоти бонк гуфтанд, ин тасмим ба мушкили молӣ рабт дорад, вале муштариён донистан мехоҳанд, ки дар чӣ шароите пули худро бозпас хоҳанд гирифт?

Пул тамом шуд ва сармоягузориро интизорем. Феълан аз ҳисоби пуле, ки қарздоронамон бармегардонанд, амонати муштариёни шароиташон вазнин ва беморро кам – кам бармегардонем.

Малоҳат Маҳмудова, сокини шаҳри Хуҷанд, чанд сол қабл 16 ҳазор доллари ҷамъкардаашро дар “Агроинвестбонк” ба амонат гузошта буд, то дар замони кӯтоҳдастӣ ба кор биёяд. Ӯ рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта бо умеди ҳамин пасандоз хона харид, вале натавонист амонати худро аз бонк бигирад. "То ҳозир ақаллан ними пасандозро гирифта натавонистем", - шикоят кард ӯ.

Ин мусоҳиби мо гуфт, бонк аввал ҳар моҳ ҳазор сомонӣ амонаташро бармегардонд. Баъдан ин рақам то 700 ва дертар ба 500 ва 250 сомонӣ поин фаромадааст. Ахиран раҳбарияти "Агроинвестбонк" дар Суғд гуфтаанд, ки пулашон тамом шуд ва наметавонанд пасандози Малоҳат Маҳмудоваро баргардонанд. "Аз моҳи январ то кунун аз 167 ҳазору 670 доллар пасандоз ҳамагӣ 3 ҳазор долларро гирифтааму бас. Пуламро бо доллар пасандоз гузошта будам. Вале бонк ҳар дафъа пуламро ба сомонӣ ва он ҳам ба қурби пасттар медод", - афзуд вай.

Даҳҳо муштарии дигари “Агроинвестбонк” низ ба ҳамин мушкил гирифтор шудаанд ва ҳар рӯз ба умеди гирифтани пули худ ба намояндагиҳои ин бонк сар мезананд.

Ҳусния Ашӯрова, муовини мудири бахши "Агроинвестбонк" дар вилояти Суғд, қатъи пардохти маблағи пасандозгузоронро ба мушкилоти молии бонк рабт дод. Ӯ рӯзи 29-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бонк дар соли ҷорӣ бо ёрии молии ҳукумат маблағи пасандози беш аз ними муштариёни худро пардохт кард ва ҳоло ниёз ба сармояи нав дорад.

Ашӯрова афзуд, "ҳозир пуламон тамом шуд ва сармоягузориро мунтазирем. Ҳозир аз ҳисоби пуле, ки қарздоронамон бармегардонанд, ба муштариёни шароиташон вазнин, беморон ва барои таҳсил аз рӯи навбат кам – кам пул медиҳем." Ба қавли муовини раиси “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд, баргардондани маблағи муштариёни боқимонда баъд аз дарёфти сармоя то охири сол аз сар гирифта хоҳад шуд.

Бино ба иттилои намояндагии Бонки Миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд, моҳи декабри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати раҳо кардани “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аз чанги мушкили молӣ ба аввалӣ 1 миллиарду 70 ҳазор сомонӣ ва дувумӣ 2 миллиарду 250 сомонӣ ёрии пулӣ расонд. Масъулони Бонки Миллӣ дучор шудани ин бонкҳои бузурги кишвар ба мушкилоти бузурги молӣ ва остонаи варшикастагиро “роҳ додани масъулони ин бонкҳо ба хатоҳои зиёд зимни фаъолияти бонкӣ ва даст задани ин бонкҳо ба амалиёти молие, ки ба ташкилотҳои карзӣ хос нест” марбут донист.

Зебо Сираева, муовини мудири намояндагии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд, гуфт, “ҳозир ҳардуи ин бонк барои беҳтар кардани вазъи молии худ ва баргардонидани маблағҳои боқимондаи пасандозгузорон ҳаракат доранд. Онҳо барои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва дарёфти маблағ талош доранд. Ҳоло то охири моҳи ноябр пардохти маблағҳоро қатъ кардаанд. Вале баъди дарёфти маблағ идома медиҳанд.”

Намояндагии Бонки Миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол дар пайи мушкилоти молӣ 20 ниҳоди бонкӣ, бо шумули як бонки мустақил дар вилояти Суғд барҳам хӯрдааст

Ӯ дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё пули муштариёни ин бонкҳо баргардонда хоҳад шуд ё эҳтимоли муфлис шудани ин бонкҳову сӯхтани пули муштариён вуҷуд дорад, гуфт, “чунин эҳтимол вуҷуд надорад. Худи сарвари давлат ҳам дар паёми солонаи худ барои баргардонидани пули муштариёни ин бонкҳо кафолат дода буданд. Барои ҳамин, хавфи муфлис шудани ин бонкҳо нест ва фаъолияти худро давом медиҳанд ва уҳдадориҳои худро дар назди муштариён иҷро мекунанд.”

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд, дар шаш моҳи аввали имсол дар пайи мушкилоти молӣ 20 ниҳоди бонкӣ, ба шумули як бонки мустақил дар вилояти Суғд барҳам хӯрда, шумораи бонкҳову созмонҳои қарздиҳӣ ва намояндагиҳои онҳо аз 150-и қаблӣ ба 130 расид. Ба қавли масъулони ниҳоди умдаи молӣ дар Суғд, ҳамчунин дар ним соли аввали соли ҷорӣ алайҳи 12 корманди бонку созмонҳои қарздиҳии минтақа парвандаҳои ҷиноӣ бо иттиҳоми “таҳияи асноди қалбакӣ” зимни иҷрои амалиёти бонкӣ боз шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG