Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо: Тоҷикистон баъди соли 2020


Созмони байналмилалии бӯҳроншиносӣ – як пажӯҳишгоҳи таҳлилҳои сиёсӣ дар гузориши нави худ мегӯяд, бо наздик омадани соли 2020 номуайяниҳо дар заминаи тақвияти қудрати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ва ё интиқоли қудрат ба нафари дигар афзоиш меёбад. Гузорише таҳти унвони “Хатарҳои афзояндаи мудирияти нодуруст дар Тоҷикистон”, ки рӯзи 9 октябр дар вебсайти ин созмон нашр шуд, вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро таҳлил кардааст.

Созмони байналмилалии бӯҳронҳо менависад, ки дар се соли баъдӣ, ки мӯҳлати раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон хотима меёбад, бояд дар Тоҷикистон интиқоли қудрат сурат бигирад.

Созмони байналмилалии бӯҳроншиносӣ (ICG), аз ҷумла, менависад, ки дар тӯли 25 соли истиқолияти Тоҷикистон нодорӣ, фасоди амиқ ва тамаркузи қудрат дар дасти як гурӯҳи муайян аз мушкилоти аслии ин кишвар боқӣ мондааст. Ин созмон бо такя ба таҳлилгарон мегӯяд, бо поин омадани мӯҳлати ҳафтсолаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон, ӯ дар фикри ҷойгузин буда, эҳтимолан зимоми давлатро ба писари калониаш Рустами 29-сола супорад.

ICG бо такя ба таҳлилгарон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмони 65-сола, ки барои як сиёсатмадор нисбатан ҷавон мебошад, аз ҳоло нақшаи интиқоли қудратро кашидааст ва эҳтимолан онро дар соли 2020 ё баъди он амалӣ кунад. Аз ҷумла, бар пояи маълумоти коршиносони дохилӣ ва дипломатҳои ғарбӣ менависад, ки ҷойгузини аслии курсии президент метавонад Рустами Эмомалӣ – мири шаҳри Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳурӣ бошад. Ӯ моҳи декабри соли 2017 30-сола мешавад ва шонсҳояш барои раҳбарии палатаи болоии парлумон афзоиш меёбанд, омадааст дар гузориш.

Рустами Эмомалӣ.
Рустами Эмомалӣ.

Вале ба гуфтаи ин созмон, курсии раёсат аз дохили хонаводаи президент довталаби дигаре низ дорад, ки метавонад Рустами Эмомалиро ба чолиш бикашад. Аз ҷумла, бархе манобеи огоҳ ба ICG гуфтааст, ки доираҳои муайян Озода Раҳмони 39-сола, яке аз духтарони раиси ҷуҳмурро аз довталабони дигари курсии раёсат медонанд. Озода, ки раҳбарии дастгоҳи раёсатҷумҳуриро ба ӯҳда дорад, аз назари муаллифони гузориши мазкур аз худ ба ҳайси як раҳбари мусаллат дарак додааст.

"Раҳмон - кафили суботу амният аст"

Аммо бархе соҳибназарони наздик ба ҳукумат дар дохили Тоҷикистон дар ин замина фикри дигар доранд. Онҳо мегӯянд, “кишвар роҳашро барои даҳсолаҳои оянда дар референдуми соли 2016 ба таври возеҳу рӯшан мушаххас кард. Ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат, ки ҳуқуқҳояшро қонуни конститутсионӣ замонат медиҳад, кафили амнияту субот дар кишвар хоҳад буд”.

Ин андешаро, аз ҷумла, Мӯсо Асозода, як таҳлилгари тоҷик баён кард. Вай гуфт, “ингуна таҳлил ва пешбиниҳои созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла ICG мунсифона ва воқеъбинона нестанд”. Асозода гуфт, чанд таҳлил ва пешбиниҳои ин қабил созмонҳо бо гузашти вақт собит нашуданд ва беасос буданд.

Мусо Асозода (аз чап)
Мусо Асозода (аз чап)

“Соли 2010-ум як бор ва як бори дигар соли 2015-ум ҳамин созмон беназмиву бесуботиро пешгӯӣ карда буд. Ин ҳам ҳамон қабил гузоришҳоест, ки гӯё дар сурати дар сари қудрат боқӣ мондани роҳбарияти феълии кишвар, гӯё Тоҷикистон ба ҷангу ҷидол фурӯ мерафта бошад. Лекин мо дидем, ки ин таҳлилҳо воқеӣ набуда, пуч баромаданд”.

Асозода гуфт, ин намояндагони ин созмон маъмулан бо мухолифини давлат дар хориҷӣ кишвар сӯбат мекунад, таҳти таъсири ақидаҳои онҳо қарор мегиранд ва дар натиҷа таҳлилашон дар нисбати Тоҷикистон якҷониба, ғаразнок ва ғайримунсифона мебарояд. Айни замон, ба бовари ӯ, то соли 2020 ва баъд аз он ҳам дар сари қудрат боқӣ мондани раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мояи субот амният ва зиндагии хубу осоиштаи мардуми Тоҷикистон хоҳад буд.

Мудирияти нодуруст ва фасод - чолишҳои иқтисоди Тоҷикистон

Гузориши Созмони ҷаҳонии бӯҳронҳо дар идома бо такя ба таҳлилҳои вебсайтҳои Bloomberg ва Eurasia.net мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар вазъи ногуворе қарор дорад. Поин омадани қурби пулли миллӣ, даромади ками муҳоҷирон ва бӯҳрони бонкӣ, ба навиштаи ин созмон ба иқтисоди Тоҷикистон осеби ҷиддӣ расонидааст. Ба гуфтаи гузоришгарон мушкилот дар иқтисод натиҷаи мудирияти нодуруст ва фасоди густурда низ ҳаст, вале бо ин вуҷуд кишвар намехоҳад дар иқтисодаш ислоҳот гузаронад.

Ба унвони мисол пажӯҳишгарон бо такя ба World Bank Group ёдовар шудаанд, ки соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ аз ироаи қарзу кӯмакҳои бебозгашти молӣ дар ҳаҷми 200 миллион доллар худдорӣ кард ва сабабаш ҳам ин буд, ки Тоҷикистон пешшартҳои бонкро дар заминаи анҷоми ислоҳот қабул накард.

Чун ба гуфтаи гузоришгарони ICG ба Тоҷикистон имсол муяссар шуд, ки вомбаргҳои даромадноки давлатиро ба фурӯш гузорад. Фурӯши вомбаргҳо ба Тоҷикистон имкон дод аз ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ, ки бар ивази кумак талаби реформаро мекунанд, даст кашад, зикр мешавад дар гузориши ICG. Гузориш мегӯяд, ин ислоҳот, аз ҷумла тағйири топ-менеҷерҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро тақозо мекард.

"Бояд халқ баҳо диҳад, на таҳлилгарони алоҳида"

Аммо Абдулло Раҳмонзода, як узви аршади Ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба дурустӣ ва ё нодурустии сиёсат ва ё мудирияти давлат дар ҳар кишвар халқ баҳо медиҳад, на созмону таҳлилгарони алоҳида.

«Баҳо додан ба дурустии сиёсати пешгирифта ё мудирияти нодурусти роҳбарияти ин ё он давлат ҳаққи ҳалоли халқи ҳамон кишвар аст дар умум. Зеро дар ҳама кишвар халқ ягона сарчашмаи асосии ҳокимияти давлатист ва ҳокимият ба ӯ тааллуқ дорад. Ин ҷо бояд фикри аксариятро ба инобат гирифт, на аққалияте, ки дар асоси ҳимояи манфиатҳои аксарият манфиаташон зарар дидааст».

Поинравии нишондодҳои иқтисодӣ, фасод ва мушкилот дар бахши соҳибкории хусусӣ як бахши мардумро навмед ва боис ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон шудааст.
Поинравии нишондодҳои иқтисодӣ, фасод ва мушкилот дар бахши соҳибкории хусусӣ як бахши мардумро навмед ва боис ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон шудааст.

Аммо гузоришгарони ICG, навиштаанд поинравии нишондодҳои иқтисодӣ, фасод ва мушкилот дар бахши соҳибкории хусусӣ як бахши мардумро навмед ва боис ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон шудааст.

ICG бо такя ба омори кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, ки дар соли 2016 - 3230 нафар тоҷикон барои дарёфти ҳаққӣ паноҳандагӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардаанд. Дар ҳоле, ки шумори паноҳҷӯён дар соли 2015 хеле камтар аз ин 1160 нафар ва дар соли 2014 ҳамагӣ 605 нафар будааст, гуфта мешавад дар ин гузориши ICG.

Созмони байналмилалии бӯҳронҳо менависад, ки дар се соли баъдӣ, ки мӯҳлати раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон хотима меёбад, бояд дар Тоҷикистон интиқоли қудрат сурат бигирад. Агар ин масъала ҳалношуда бимонад, метавонад боиси эҷоди бебандубориҳои сиёсӣ шавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG