Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Пеш аз он ки хонандагони мактабҳои миёнаро дар Тоҷикистон ба таътили дуҳафтаина фиристанд, намояндагии ЮНИСЕФ ва мақомоти тоҷик барномаи таълими онлайн дар шароити "карантин"-ро омода кардаанд. Маълум нест, тарҳ кай иҷро мешавад.
Масъулони бозорҳои Душанбе талош доранд бо ташкили ярмаркаҳо аз болоравии босуръати нархҳо ҷилавигирӣ кунанд. Аммо рӯзи 13-уми апрел чун ҳафтаҳои қабл арзиши маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ҳамоно рӯ ба афзоиш буд.
Дар Тоҷикистон аз ин баъд нигоҳубини маъюб ҳамчун собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад ва барои ин кор ба парастори ӯ ҳаққи бознишастагӣ ва ё нафақа медиҳанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби омодагии кишвар ба муқобила бо вируси ҳамагири КОВИД-19 ба аҳолии камбизоат ва маъюбон се миллион доллар кумак карда хоҳад шуд.
Хешовандони ду зиндонии тоҷик дар Русия, иддао доранд, ки посбонҳои зиндоне дар Мордовия фарзандони онҳоро азобу шиканҷа додаанд. Иддаое, ки мақомоти зиндон рад мекунанд.
Дар талоши дигаре барои ҷалби ҳарчӣ бештари саёҳон, ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати раводид, ё виза барои шаҳрвандони хориҷиро дароз кард.
Мақомот дар Душанбе мехоҳанд, қарори манъи истифодаи мошинҳои таксии истеҳсолашон то соли 2014-ро бозбинӣ кунанд.
Як корманди милиса ва як афсари комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав барои ҷалби, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунии Иброҳим Ниёзов ба артиш танбеҳ гирифтаанд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ба қонуни хизмати ҳарбӣ тағйирот пешниҳод шудааст, ки бар асоси он, мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар кишвар аз 2 ба 1,5 сол кам карда мешавад. Мақомот мегӯянд, ин пешниҳод баъди мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ирсол шудаст.
Тақвияти чораҳои пешгирӣ аз сирояти вируси нав ба Тоҷикистон, ба коҳиши воридоти молҳои чинӣ мусоидат карда ва қиматҳоро боло бурдааст.
Аз чопи шумораи аввали "Азия-Плюс" 20 сол гузашт. Умед Бобохонов, муассис ва сардабири нашрия гуфт, дар ин муддат тавонистанд ба яке аз ҳафтаномаи беҳтарин табдил ёбанд. Аммо солҳои ахир фазои корӣ барои онҳо ва расонаҳои дигари мустақил тангтар ва доираи "хатти сурх" маҳдудтар шудааст.
Ёфтҳои бештар