Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Ду сокини шаҳри Норак, бародарон Набиевҳо, мегӯянд, онҳро аз рӯи қазияи шиканҷа шуданашон ба додситонӣ даъват кардаву баёнот гирифтаанд. Ба гуфтаи ин ду нафар, онҳо дар арафаи соли нав аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсӣ дастгир ва латту кӯб шуданд.
Муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Элис Уэллс, шоми 7-уми январ дар Душанбе дар як суҳбати ихтисосӣ ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух гуфт.
Додгоҳи шаҳри Душанбе эълони ҳукми Нурулло Наимов, раиси пешини тарҳи “Манзили дастрас” ва панҷ ҳамроҳи ӯро ба таъхир гузошт. Мақомот онҳоро барои аз худ кардани пули муштариён муттаҳам мекунанд.
Завқибек Саидаминӣ (Солеҳов), рӯзноманигори ҷавон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, довталаби курсии вакили порлумон шудааст. Ӯ гуфт, ҳадафаш "шикастани тасаввурҳои шахшуда дар ҷомеа" ва "тағйирот дар сафи вакилон аст", ки ба хомӯшӣ ва бетарафӣ дар баробари мушкилоти мардум танқид мешаванд.
Дар тақрибан ду рӯзи ахир бисёре аз сокинони Душанбе аз якбора қатъ шудани об ба хонаҳояшон шикоят мекунанд. Ин мушкил аз субҳи рӯзи 16-уми декабр оғоз шуда, то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Баъзе афрод мегӯянд, дастикам панҷ рӯз боз ба ин мушкил рӯ ба рӯянд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми декабр чаҳор милисаи муттаҳам ба шиканҷаи боздоштшудаҳоро аз ҳафт то ҳабдаҳ сол зиндонӣ кард. Вакилони мудофеи маҳкумшудаҳо гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва нисбат ба нафарони зери ҳимояташон ноадолатӣ сурат гирифтааст. Қаблан 18 нафар аз сокинони Душанбе шикоят карда буданд, ки чаҳор корманди пешини идораи корҳои дохилии Душанбе ҳангоми боздошт ва ба даст овардани эътирофи онҳо аз шиканҷа истифода кардаанд.
Хонаводаи серфарзанде, ки наздик буд аз хона маҳрум шавад, баъди нашри гузориш дар Радиои Озодӣ дигарбора ба хона баргашт. Мақомот баъди гузориш ба хонаи ӯ омада гуфтаанд, ки дар баҳси замину хона, ҳуқуқи ӯ нодида гирифта шудааст .
Бо гузашти беш аз як ҳафта аз фаъол шудани низоми нави интиқоли пул дар Тоҷикистон ҳанӯз навбатпоии муштариён ва беназмӣ дар паси дари бонкҳо поён наёфтааст. Видеоро бинед.
Ёфтҳои бештар